19 август, дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо ҳайати расмии ширкати SpaceX (Starlink) баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди хизматрасонии интернети моҳвораӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷониби Хадамоти алоқа мулоқотро муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориён роҳбарӣ намуда, дар он дигар кормандони масъули соҳа низ иштирок доштанд. Ҳайати SpaceX таҳти роҳбарии Ҷулия Грёблахер, директори рушди бозорҳо ва дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ, бо иштироки Аҳмад Мустафо, мушовири калони ҳуқуқӣ ва Эдвард Хао, менеҷери харид ва таъминот дар вохӯрӣ ҳузур дошт.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили ҳамкориҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бартараф намудани мушкилиҳои мавҷударо муҳокима карданд.

Ҷонибҳо барои муқоисаи мустақими маълумоти дашборди SpaceX бо низоми «Набз» ва ҷорӣ намудани методологияи ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоббаробаркунӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини фаъолияти бефосилаи каналҳои эҳтиётии нахи оптикӣ дар нуқтаи ҳузури шабака (PoP), баланд бардоштани устувории инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои техникӣ бо мутахассисони ҶСК «Тоҷиктелеком» баррасӣ шуданд.

Вохӯрии мазкур дар доираи сафари расмии ҳайати SpaceX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19–20 августи соли 2026 баргузор гардид, сурат гирифт.