18 июли соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ дар шакли бизнес-ланч бо иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи технологияҳои иттилоотии тоҷикони муқими ИМА баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Парвиз Нориён, муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби иқтидори мутахассисони тоҷик ба рушди экосистемаи инноватсионии кишвар ибрози назар хоҳанд кард.
Ин мулоқот ба табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои касбӣ ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар самти инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад гардид.