Дар Тоҷикистон овоздиҳии мардумӣ дар доираи ҷоизаи миллии “Telecom Awards Tajikistan 2025” оғоз гардид

Навид Хабарҳои Хадамот

Дар Тоҷикистон овоздиҳии мардумӣ дар доираи ҷоизаи миллии “Telecom Awards Tajikistan 2025” оғоз гардид

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди овоздиҳии онлайн дар доираи аввалин ҷоизаи миллӣ дар соҳаи алоқа — “Telecom Awards Tajikistan 2025” роҳандозӣ шуд. Ин ҷоиза аз ҷониби Хадамоти алоқа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадаф дорад пешсафони воқеии соҳаи телекоммуникатсияро муайян намояд.

Telecom Awards Tajikistan 2025 операторони мобилӣ, таъминкунандагони интернет, коршиносон ва миллионҳо истифодабарандаи кишварро барои як ҳадаф муттаҳид мекунад — баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва рушди инфрасохтори рақамии Тоҷикистон.

«Имрӯз телекоммуникатсия як соҳаи стратегии муҳим мебошад, ки ба рушди ҷомеаи рақамӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мо талош дорем, ки ин ҷоиза ҳавасмандкунанда барои операторон ва провайдерҳо гардад, то сатҳи хизматрасонӣ ва сифати алоқаро барои шаҳрвандон боз ҳам беҳтар созанд», — таъкид намуд Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳар як сокини кишвар метавонад дар овоздиҳӣ иштирок намуда, беҳтарин оператори мобилӣ ва беҳтарин интернет-таъминкунандаи Тоҷикистонро интихоб кунад. Барои ин танҳо лозим аст ба сомонаи telecom.awards.tj ворид шуда, рақами телефонро ворид намоед ва сифати алоқа, фарогирӣ, тарофаҳо, хизматрасонӣ ва суръати интернетро баҳогузорӣ кунед. Бо як рақам метавон дар ҳар ду категория — ҳам барои оператор ва ҳам барои провайдер — овоз дод. Овоздиҳӣ аз рӯи низоми баҳогузорӣ аз 1 то 5 ситора дар чанд меъёр сурат мегирад. Ҳар як овоз ба натиҷаи ниҳоӣ таъсир мерасонад, аз ин рӯ иштироки мардум дар муайянсозии ғолибон аҳамияти калидӣ дорад.

Илова ба овоздиҳии мардумӣ, Telecom Awards Tajikistan 2025 боз 14 номинатсияро фаро мегирад, аз ҷумла: “Ҳалли инноватсионии сол дар соҳаи телеком”, “Беҳтарин хизматрасонӣ ба муштарӣ”, “Беҳтарин хизматрасонии рақамии сол”, “Беҳтарин ҳалли корпоративии сол”, “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузории сол”, “Беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа”, “Ширкати масъули иҷтимоии сол”, “Беҳтарин таносуби нарх ва сифат”, “Беҳтарин оператори босуръат рушдкунанда”, “Суръатноктарин шабакаи интернети мобилӣ”, “Суръатноктарин шабакаи интернети собит” ва “Пешравии сол”. Ҳадафи ин номинатсияҳо муайян намудани беҳтаринҳои соли 2025 миёни операторони мобилӣ ва беҳтарин миёни интернет-провайдерҳо мебошад.

Натиҷаҳои ҷоиза бар асоси арзёбии ҳамаҷониба муайян карда мешаванд, ки дар он пурсишҳои телефонӣ барои муайян кардани сатҳи қаноатмандӣ ва вафодории муштариён, санҷиши сифати хизматрасонӣ тавассути “муштарии махфӣ”, таҳлили суръат ва фарогирии шабака, ченкуниҳои техникию технологӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва албатта натиҷаҳои овоздиҳии мардумӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Telecom Awards Tajikistan 2025 меъёрҳои навро шакл медиҳад, дастовардҳои ширкатҳоро ба таври шаффоф арзёбӣ мекунад ва самти рушди минбаъдаи соҳаи телекоммуникатсияро муайян месозад.

Хулосаи ниҳоӣ дар моҳи декабри соли 2025 ҷамъбаст гардида, маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ бо иштироки намояндагони соҳа, операторон ва ВАО баргузор мешавад.