Даври ниҳоӣ дар баландӣ: дар ВМКБ мусобиқаи “МегаФон Life дар сабки футбол” анҷом ёфт

Навид

Даври ниҳоӣ дар баландӣ: дар ВМКБ мусобиқаи “МегаФон Life дар сабки футбол” анҷом ёфт

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳилаи ниҳоии мусобиқаи васеъмиқёси кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол» баргузор шуд. Беҳтарин майдонҳои варзишии Хоруғ ба майдонҳои бозиҳои ҷолибу рангин, ки дар он ҷо даҳҳо дастаҳо аз ноҳияҳои гуногун вохӯрданд, табдил ёфтанд. Дар бозиҳои даври ниҳоии мусобиқа дар Хоруғ раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот Худобердӣ ширкат варзид.

Мусобиқаи футбол моҳи май оғоз ёфта, ҳашт шаҳри бузургтарини кишварро фаро гирифт. Бозиҳо дар Бохтар, Кӯлоб, Файзобод, Ҳисор, Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд баргузор шуда, дар пойтахти баландкӯҳи ВМКБ анҷом ёфтанд. Тӯли ду моҳ дар мусобиқа зиёда аз 3 000 нафар писарони аз 8 то 12 сола, хонандагон, тарбиятгирандагони сексияҳои варзишӣ ва дӯстон, ки футбол барояшон орзуи дерина гардидааст, иштирок намуданд.

“Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки дар майдони воқеӣ, бо либоси варзишӣ, дар назди тамошобинон бозӣ мекунам. Ин рӯзи беҳтарини ҳаётам буд! Ҳоло ба таври ҷиддӣ тамрин мекунам”, – баён дошт таассуроти худро Комрон Юсуфбекови 11 сола аз Хоруғ.

Фазои идонаро шарики мусобиқа ширкати “Яхмоси 33”, ки ба тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ яхмос тақсим намуд, фароҳам овард.  Ин баҳри дар ҳақиқат пайдо кардани руҳияи тобистона ва шодмонӣ кӯмак кард.

Ба сифати ташкилкунандаи мусобиқа ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баромад кард. Ба ғайр аз қисми варзишӣ кӯдаконро туҳфаҳо интизор буданд, барои ҳамаи меҳмонон бошад аз ҷониби оператор як макони рақамие ташкил карда шуд, ки дар он ҷо онҳо дар бораи функсияҳои муфиди замимаи мобилии “МегаФон Life” маълумот пайдо карданд.

“Мо дар ҳар минтақа ҷашни футбол ташкил кардем, аммо баргузории даври ниҳоӣ дар ВМКБ басо рамзист. Дар Помир кӯдакони бениҳоят боистеъдод зиндагӣ мекунанд ва мо хурсандем, ки тавонистем онҳоро дастгирӣ кунем. Итминон дорам, ки миёни ин бачаҳо ситораҳои ояндаи футболи тоҷик қарор доранд!” – иброз дошт Раим Саданшоев, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ.

“Футбол – на танҳо бозӣ, балки тарбияи хислат аст. Дар майдон кӯдакон кори даставӣ, интизом, маҳорати пирӯз шуданро аз худ менамоянд, вале агар мағлуб шаванд, пас сазовору бо сари баланд. Мо ифтихор дорем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” тавонистем лоиҳаеро амалӣ созем, ки дар он ҳар як кӯдак худро шахси муҳиму зарур эҳсос намуд”, – афзуд Абдулло Соқиев, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон.

Лоиҳаи “МегаФон Life дар сабки футбол” ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ бо ташаббуси президенти CAFA ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, бахшида шуда буд.