Ҳадафи озмун муайян ва қадрдонии соҳибкороне мебошад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди содирот ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Иштирокчиён:
Субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд .
Номинатсияҳо:
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи инфрасохтори нақлиёт;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи технологияҳои иттилоотию-коммуникатсонӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар самти содирот;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи саноати хӯрокворӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи кишоварзӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истихроҷ;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи нассоҷӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи энергетика;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи фарҳанг ва сайёҳӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар самти рақамикунонӣ;
– Беҳтарин соҳибкор дар самти инноватсия;
– Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи сохтмон;
– Беҳтарин соҳибкори эҳсонкор;
– Беҳтарин соҳибкорзан;
– Беҳтарин соҳибкори ҷавон (стартап);
– Соҳибкори пешсафи сол (прорыв года);
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро зеркашӣ намоед:
Ариза барои иштирок; https://docs.google.com/document/d/1ZfCK24VA9NBrUB2HRBt-UzZ5eUxU7sMy/edit?usp=drivesdk&ouid=106082988420396511003&rtpof=true&sd=true
Варақаи иттилоотии довталаб; https://docs.google.com/document/d/19chpcfNjh57z8oZqPxzOQr7ZeCeytXBO/edit?usp=drivesdk&ouid=106082988420396511003&rtpof=true&sd=true
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар шакли электронӣ ба суроғаи электронии: sohibkori.sol@gmail.com ё шакли коғазӣ ба Котиби комиссияи баргузории озмун воқеъ дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40 (бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешниҳод намоянд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 15 сентябри 2026.
Рақамҳои тамос барои маълумоти иловагӣ: 221-01-21, 221-26-20, 221-15-07