Фарогирии васеъ ва алоқаи боэътимод: ZET-MOBILE истгоҳҳои 4G-ро дар шаҳри Турсунзода насб кард!
Ширкати ZET-MOBILE барои боз ҳам беҳтар кардани сифати алоқа ва васеъ кардани минтақаи фарогирии 4G диққати махсус медиҳад.
Ширкат навсозии инфрасохторро дар шаҳри Турсунзода ба анҷом расонида, ба муштариён сифати баланди алоқа ва дастрасии интернети баландсуръатро фароҳам овард.
Ин танҳо оғози кор аст. Ширкат тасмим гирифтааст, ки барои беҳтар кардани сифати алоқа дар дигар минтақаҳои шаҳр машғул шавад. Дар нақша навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои базавӣ ва васеъ кардани фарогирӣ барои таъмини алоқаи бе нуқсон барои ҳамаи муштариён пешбинӣ шудааст.
Сифати алоқаи ширкат дар рӯзҳои наздик боз ҳам устувортар хоҳад шуд, ки барои муштариён имкониятҳои бештар ва ҳаёти мобилии осонтар фароҳам меорад.