Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29–30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «TAJ TECH – 2026»-ро баргузор менамояд.

Форум ҳамчун платформаи муҳими ҳамоиш барои коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон, намояндагони ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони технологияҳои рақамӣ доир хоҳад шуд.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, маълумоти бузург, интернети ашё, амнияти киберӣ, рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди сармояи инсонӣ баррасӣ мешаванд.