Ширкати Google платформаи нави таълимии Google Skills-ро муаррифӣ намуд, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад дониш ва малакаҳои худро дар самтҳои технологияҳои рақамӣ такмил диҳанд.
Тавассути ин платформа корбарон метавонанд курсҳоро аз рӯи самтҳои гуногун, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI), зеҳни сунъии тавлидкунанда (Generative AI), барномасозӣ, таҳлили додаҳо, технологияҳои абрӣ (Google Cloud), амнияти киберӣ ва дигар соҳаҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ омӯзанд.
Барои оғоз намудани омӯзиш танҳо доштани ҳисоби Google кофист. Қисми зиёди курсҳо барои ҳамаи истифодабарандагон ройгон дастрас буда, пас аз бомуваффақият ба анҷом расонидани бисёре аз онҳо сертификат ё нишони рақамии Google пешниҳод мегардад.
Google Skills ҳам барои шахсоне, ки нав омӯзишро оғоз мекунанд ва ҳам барои мутахассисоне, ки мехоҳанд донишу малакаҳои худро такмил диҳанд, пешбинӣ шудааст. Бисёре аз курсҳо машғулиятҳои амалӣ ва лабораторияҳои интерактивиро дар бар мегиранд, ки имконият медиҳанд донишҳои назариявӣ дар амал истифода шаванд.
Роҳандозии чунин платформа ба рушди саводнокии рақамӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосири меҳнат мусоидат мекунад.





