Ифтитоҳи аввалин IXP дар Тоҷикистон – TJ-IX: Гоми муҳим дар соҳибихтиёрии рақамӣ
Бо мақсади таъмини хизматрасониҳои интернетӣ аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи TJ-IX ба фаъолият оғоз кард.
IXP — инфрасохторест, ки ба провайдерҳо ва ташкилотҳо имконият медиҳад, ки трафикро мустақим мубодила кунанд. TJ-IX дар ҶСК «Тоҷиктелеком» ҷойгир буда, лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати интернет ва соҳибихтиёрии рақамӣ равона шудааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои TJ-IX аз коҳиши таъхир ва баланд бардоштани суръати дастрасӣ, коҳиши хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланси амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, ташкили экосистемаи рақамии ягона ва муҳайё намудани платформа барои ҳамкории провайдерҳо иборат мебошад.
Лоиҳаи мазкур барои иштирокчиён афзалиятҳои зиёд дорад, аз ҷумла: мубодилаи мустақими трафик, сабукии шабака, таъмини сифати баланди алоқа, шартҳои соддаи пайвастшавӣ, дастгирии IPv4 ва IPv6.
Ғунҷоиши шабака то 500 Гбит/с буда, вақти кафолатноки он ба 99.99% баробар мебошад. Аз назари хусусиятҳои техникӣ таъмини воситаҳои назорат ва амниятро кафолат медиҳад.
Провайдерҳои интернет, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои маълумот ва CDN мектавонанд ба Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) пайваст шаванд.
Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» бо тавсеаи иқтидори техникӣ ва инфросохтори лоиҳа нақша дорад, ки дар ояндаи наздик нуқтаҳои TJ-IX-ро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил карда, платформаҳои байналмилалиро ҷалб намояд. Ҳамзамон лоиҳаро бо шабакаҳои донишгоҳӣ пайваст созад.
Ифтитоҳи TJ-IX — қадами муҳим дар самти интернети мустақилу босифат дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи пурраи он ба соҳибихтиёрии бештари рақамии кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард.
Тамос
Сомона: https://tj-ix.tj
Почта: info@tj-ix.tj
Телефон: +992 55 555 1410