Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии Вавилон-Мобайл”дар шаҳри Бохтар

Навид

Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии Вавилон-Мобайл”дар шаҳри Бохтар

Ширкати «Вавилон-Мобайл» аз ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии монобрендӣ дар шаҳри Бохтар хабар медиҳад. Ин чорабинӣ бо таҷлили Соли нав рост меояд ва як қадами нав дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба муштариён мебошад.

Маркази нав бо дарназардошти тамоми стандартҳои замонавӣ бунёд шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва бароҳатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо муштариён метавонанд:

  • ба тарофаҳои нав пайваст шаванд;
  • машварат дар бораи хизматрасонӣ ва маҳсулоти ширкат гиранд;
  • таҷҳизоти худро танзим кунанд;
  • ҳар гуна масъалаҳои марбут ба хизматрасониро ҳал намоянд;
  • нахустин шуда, бо навгониҳои охирини ширкат ошно шаванд.

Марказ бо таҷҳизоти замонавӣ ва технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз гардонида шуда, хизматрасониҳои фаврӣ ва босифатро таъмин менамояд. Мутахассисони баландихтисоси мо ҳамеша омодаанд, ки ба муштариён кӯмаки касбӣ пешниҳод кунанд ва роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти онҳоро пайдо намоянд.

Маркази хизматрасонии нави шаҳри Бохтар бо техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисони мо омодаанд бо ҳалли фаврӣ ва касбӣ ба муштариён ёрӣ расонанд.
муштариён дар минтақаҳо наздиктар бошем.

Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ як қадами муҳим дар татбиқи стратегияи ширкат барои наздик шудан ба мизоҷон дар минтақаҳо ба шумор меравад.

“Вавилон-Мобайл”  рушди шабакаи марказҳои худро идома медиҳад, то хидматрасониро барои ҳама дастрастар ва муносиб гардонад.