“Интернет барои хона” ҳудудҳои нави Душанберо фаро мегирад

Навид

 “Интернет барои хона” ҳудудҳои нави Душанберо фаро мегирад

Маҳаллаҳои №32 ва №104, биноҳои истиқоматии ноҳияҳои Сафо ва Қайроқум, биноҳо дар хиёбони Айнӣ – дар ин ҷойҳо рӯзҳои наздик хизматрасонии “Интернет барои хона” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас мегардад. Оператор ба дастрасии интернети босуръати ноқилӣ дар биноҳои серошёна, маҷмааҳои нави истиқоматӣ ва иншоотҳои тиҷоратии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар соли 2025 фарогирии GPON боз дар се маҳаллаи сераҳолаии Душанбе, ки зиёда аз 9 300 ҳуҷраро дарбар мегирад, пайдо шуд.

Асоси рушди дастрасии собити баландсуръатро ба интернет (ТМСБ) технологияи муосири GPON – Gigabit Passive Optical Network ташкил медиҳад. Он пайвастшавии устуворро бо суръати то 1 Гбит/с кафолат дода, барои интиқоли сигнал дар масофаҳои дур бидуни талафот имкон медиҳад ва ҳатто ҳангоми сарбории зиёди шабака кори боэътимоди интернетро таъмин менамояд. Илова бар ин, кори мӯътадили Wi-Fi дар дохили хонаводаҳо таъмин мегардад. Вазифа – ба сокинони пойтахт пешниҳоди хизматрасоние, ки барои тамоми оила ҷиҳати якбора онлайн будан кӯмак мерасонад, ба ҳисоб меравад: ба таври дурдаст иҷро намудани вазифаҳои корӣ, омӯхтан, истироҳат кардан ва ҳамеша дар алоқа мондан.

“Интернет барои хона” теъдоди ҳарчи бештари маҳаллаҳои Душанберо фаро мегирад. Айни замон ширкат силсилаи нави тарофаҳоеро, ки талаботи гуногуни истифодабарандагони дастрасии собитро ба инобат мегиранд, омода менамояд. Ҳамзамон, пешниҳодҳои муфиди баставӣ, ки ҳузуру ҳаловат ва сарфакориро омезиш медиҳанд, таҳия мегарданд. Хизматрасонӣ низ беҳтар мешавад: акнун муштариён метавонанд мустақилона имконияти пайвастшавиро аз рӯи суроғаи худ бисанҷанд ва дар сомонаи home.megafon.tj, бе зарурати занг задан ба маркази тамос дархост гузоранд.

“Бо беҳтар кардани дастрасӣ ба интернет-технологияҳои муосир, мо фаъолона трансформатсияи рақамии кишварро дастгирӣ менамоем. Ҳадафи мо – на танҳо васеъкунии фарогирӣ, балки таъмин намудани муштариён бо хизматрасонии баландсифат ва суръати пайвастшавӣ мебошад. Моҳҳои наздик “Интернет барои хона” боз барои ҳазорҳо хонаводаҳо дар Душанбе дастрас мегардад”, – мегӯяд роҳбари самти корбурд ва инкишофи ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Баҳром Носирҷонов.

Маълумоти муфассал оид ба хизматрасонии “Интернет барои хона” – дар сомона ё идораҳои наздиктарини ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.