Дар асри XXI рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тавсеаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба яке аз муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Имрӯз интернет ҳамчун воситаи асосии дастрасӣ ба иттилоот, густариши дониш, рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ хизмат мекунад. Бо вуҷуди ин, дар баробари имкониятҳои фаровоне, ки технологияҳои рақамӣ барои рушди ҷомеа фароҳам меоранд, истифодаи нодурусти онҳо метавонад ба манбаи таҳдидҳои нав барои амнияти миллӣ ва байналмилалӣ мубаддал гардад. Яке аз чунин таҳдидҳо истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароӣ, ҷалби ҷонибдорони нав, маблағгузории фаъолияти ғайриқонунӣ ва ташкили шабакаҳои пинҳонии таблиғотӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир шаклу усулҳои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба таври назаррас тағйир ёфтаанд. Агар қаблан чунин гурӯҳҳо бештар аз воситаҳои анъанавии таблиғот истифода мебурданд, имрӯз онҳо фазои маҷозиро ҳамчун воситаи асосии паҳн намудани идеологияи худ интихоб кардаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо, барномаҳои мубодилаи паём, платформаҳои мубодилаи видео ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ барои онҳо имконият фароҳам меоранд, ки бо ҳазорон нафар ҳамзамон иртибот барқарор намуда, маводи таблиғотиро дар муддати кӯтоҳ ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн намоянд.
Хусусияти муҳими интернет дар он аст, ки дастрасӣ ба иттилоот дар он осон, босуръат ва аксаран беназорат мебошад. Маҳз ҳамин омил ба гурӯҳҳои ифротӣ имконият медиҳад, ки бо истифода аз номҳои сохта, саҳифаҳои қалбакӣ ва шабакаҳои пӯшида фаъолияти худро пинҳон намуда, ба таблиғи ғояҳои ифротгароӣ машғул шаванд. Онҳо аз воситаҳои гуногуни рақамӣ барои нашри наворҳо, аксҳо, маводи матнӣ ва паёмҳои таблиғотӣ истифода намуда, кӯшиш мекунанд ҳиссиёти ҷавононро таҳти таъсир қарор диҳанд ва ҷаҳонбинии онҳоро тағйир диҳанд.
Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазир дар фазои рақамӣ ба ҳисоб мераванд. Давраи ҷавонӣ марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва мавқеи шаҳрвандӣ мебошад. Агар дар ин давра шахс бо муҳити солими таълимӣ ва тарбиявӣ фаро гирифта нашавад ё сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ӯ паст бошад, эҳтимоли таъсирпазирии ӯ аз таблиғоти ифротӣ бештар мегардад. Аз ҳамин сабаб гурӯҳҳои террористӣ асосан ҷавононро ҳадафи таблиғоти худ қарор медиҳанд ва бо истифода аз усулҳои равонӣ, ваъдаҳои бардурӯғ, таҳрифи мафҳумҳои динӣ ва паҳн намудани маълумоти дурӯғ кӯшиш менамоянд онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб кунанд.
Технологияҳои рақамӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ имконият медиҳанд, ки шабакаҳои байналмилалии худро бидуни маҳдудияти ҷуғрофӣ идора намоянд. Истифодаи барномаҳои рамзгузоришуда, хизматрасониҳои махфии иртиботӣ, шабакаҳои хусусии виртуалӣ ва дигар воситаҳои муосир ошкор намудани фаъолияти онҳоро мушкил мегардонад. Ғайр аз ин, чунин гурӯҳҳо аз интернет барои ҷамъоварии маблағ, интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти аъзои худ ва паҳн намудани дастурҳои ҷиноятӣ истифода мебаранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мубориза бо паҳншавии идеологияи ифротӣ дар интернет танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъала иштироки фаъолонаи тамоми ҷомеа, аз ҷумла муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма, ширкатҳои технологӣ ва худи истифодабарандагони интернетро талаб мекунад. Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳи маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳои ифротӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Дар баробари ин бояд маърифати рақамӣ, саводи расонаӣ ва қобилияти таҳлили интиқодии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба истифодаи интернет бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ менамояд. Дар кишвар заминаи ҳуқуқии зарурӣ барои пешгирии паҳншавии маводи дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ташаккул ёфтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асосҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқиро барои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо мақсадҳои ғайриқонунӣ муайян мекунанд. Ҳамзамон, мақомоти дахлдор барои ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар фазои маҷозӣ, муайян намудани манбаъҳои паҳнкунандаи маводи ғайриқонунӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.
Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ низ муҳим мебошад. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бояд фарҳанги истифодаи дурусти интернетро дар байни ҷавонон ташаккул дода, онҳоро ба таҳлили интиқодии иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ҳидоят намоянд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ метавонанд бо анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, таҳияи тавсияҳои амалӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ дар омӯзиши сабабҳои паҳншавии ғояҳои ифротӣ дар фазои рақамӣ ва пешниҳод намудани роҳҳои пешгирии онҳо саҳми арзанда гузоранд.
Воситаҳои ахбори омма низ дар ташаккули афкори ҷомеа ва муқовимат ба таблиғоти ифротӣ нақши муҳим доранд. Пешниҳоди маълумоти саҳеҳ, таҳияи барномаҳои маърифатӣ, баланд бардоштани сатҳи саводи расонаии аҳолӣ ва фош намудани моҳияти харобиовари терроризм ва экстремизм метавонанд таъсири таблиғоти гурӯҳҳои ифротиро коҳиш диҳанд. Ҳамзамон, рушди муҳтавои мусбати миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғиби дастовардҳои илм, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ барои ташаккули фазои солими иттилоотӣ аҳаммияти махсус дорад.
Яке аз роҳҳои муассири муқовимат ба идеологияи ифротӣ рушди тафаккури интиқодӣ мебошад. Шахсе, ки қобилияти таҳлили мантиқии иттилоотро дорад, метавонад хабарҳои бардурӯғ, маълумоти таҳрифшуда ва маводи таблиғотии гурӯҳҳои экстремистиро аз иттилооти воқеӣ фарқ намояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, рақамӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, бояд яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ боқӣ монад.
Ҳамин тариқ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ худ ба худ манбаи таҳдид нестанд, балки воситаҳое мебошанд, ки метавонанд ҳам барои рушди ҷомеа ва ҳам барои амалисозии ҳадафҳои ғайриқонунӣ истифода шаванд. Мубориза бо паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ дар фазои рақамӣ танҳо дар сурати ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як истифодабарандаи интернет натиҷаи самарабахш медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт сиёсати пайгиронаро амалӣ намуда, бо такмили қонунгузорӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи амнияти миллӣ ва пешгирии густариши идеологияҳои ифротӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад.
Шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон