Исфандиёри Саъдулло

Роҳбарият

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исфандиёри Саъдулло

Исфандиёри Саъдулло 15 майи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.    Пас аз хатми мактаби миёна ба Академияи миллии алоқаи ба номи А.С.Попови шаҳри Одесса (рӯзона) дохил шуда, онро соли 2012 хатм кардааст.

Солҳои 2012 – 2014 дар вазифаи муҳандиси сехи хатҳои радиорелигии Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии ҶСК «Телерадиоком» дар шаҳри Душанбе ва солҳои 2014 – 2015 ҳамчун муҳандиси дараҷаи I-и сехи хатҳои радиорелигии Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии ҶСК «Телерадиоком» дар шаҳри Душанбе фаъолияти касбӣ кардааст.

Аз июни соли 2015 ба вазифаи муовини аввали директори генералии ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардид.

Аз 23 январи соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Миллат тоҷик

Ихтисос радиотехник

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор