Иштирок ва суханронии Сардори Хадамоти алоқа дар Чорумин Машварати роҳбарони вазорату идораҳои масъули рушди ТИК дар давлатҳои аъзои СҲШ дар Чин
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чорумин Машварати роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки масъули рушди ТИК мебошанд, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқа ва табдили рақамиро муҳим арзёбӣ кард.
Рӯзи 17-уми июни соли равон дар шаҳри Карамаи Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чорумин Машварати роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки масъули рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд, баргузор гардид. Дар он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ширкат варзида, зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба иштироки ҳамаҷонибаи кишвар дар фаъолияти СҲШ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2025–2030 дар кишвар «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд ва барои амалӣ сохтани он тадбирҳои васеъ пайгирона татбиқ мегарданд.
Дар ин замина дастовардҳои калидии кишвар дар соҳаҳои алоқа ва табдили рақамӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи СҲШ дар ин самтҳои стратегӣ таъкид гардид.
Бо дарназардошти иқтидори бузурги минтақаи СҲШ дар бахши телекоммуникатсия, ҷониби Тоҷикистон зарурати муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҳамаи кишварҳоро барои истифодаи самараноки он изҳор дошт.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ин машварат аз ҷониби иштирокчиён Нақшаи чорабиниҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар самти табдили рақамӣ қабул гардид, ки ин як қадами муҳим дар роҳи ташаккули минтақаи устувор ва пешрафтаи технологӣ маҳсуб мешавад.
Дар поёни Чорумин Машварати роҳбарони вазорату идораҳои масъули рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии кишварҳои аъзои СҲШ протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзамон дар доираи машварати мазкур Форуми рушд ва ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамии Чин – СҲШ баргузор гардид.

