Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар Боку

Навид Хабарҳои Хадамот

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар Боку

Аз 17 то 28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушдиалоқаи барқӣ (WTDC-2025) баргузор гардида истодааст, ки мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барқӣ (ITU) буда, ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона гардидааст.

Дар ин конфронс нақшаи стратегии рушди бахши алоқаи барқии ИБА барои давраи чорсолаи оянда қабул гардида, афзалиятҳои соҳа муайян карда мешаванд.

Дар доираи конфронси мазкур сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуд.