Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чорумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва интерконнект (CAPIF 4)
Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон чорумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва интерконнект (CAPIF 4) ҷараён дорад. Дар форуми мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бахтовар Абдусатторзода, Директори генералии ширкати “Тоҷиктелеком” раҳбарӣ дорад.
Чорумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва интерконнект (CAPIF 4) имрӯз, 25 сентябри соли 2025 оғоз шуда, то 26 сентябр идома мекунад. Ин ҳамоиш аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии шабакаи IP-и Аврупо “RIPE NCC” дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди интернети Қазоқистон ва Ассотсиатсияи операторони алоқаи Қазоқистон ташкил гардида, форум оператори шабакаҳо, интернет-провайдерҳо, нуқтаҳои мубодилаи трафик (IXP), танзимгарон ва коршиносонро гирд овардааст.
Мақсади баргузории форум тақвияти робитаҳои интернетӣ дар Осиёи Марказӣ, Эрон ва кишварҳои ҳамсоя мебошад. CAPIF 4 минбари мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори интернетӣ дар минтақа хоҳад буд.
Бахтовар Абдусатторзода, Директори генералии ширкати “Тоҷиктелеком” зимни баромади хеш ба рушду тавсеаи хадамоти интернетӣ, такмили инфрасохтори соҳа, боло рафтани нақши интернет дар фаъолияти соҳаҳои гуногун ва ислоҳоти мудовими ин бахш дар Тоҷикистон маълумот дода, тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба, махсусан робитаҳои минтақавиро омили аслӣ дар самаранокии баҳрабардорӣ аз зарфияти интернет маънидод намуд.
Инчунин Бахтовар Абдусатторзода ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба бештар гардидани робитаҳои минтақавию фароминтақавӣ бо мақсади ҳамгироии самарабахш дар заминаи ҳамкориҳои операторони шабакаҳо ва интернет-провайдерҳо иброз дошт.