Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми роҳбарони хадамоти почтавии кишварҳои Аврупо ва ИДМ

Навид Хабарҳои Хадамот

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми роҳбарони хадамоти почтавии кишварҳои Аврупо ва ИДМ

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми раҳбарони почтаҳои кишварҳои Аврупо ва ИДМ зери унвони «Уфуқҳои нав: Рушди тиҷорати электронӣ, инноватсия ва занҷирҳои таъминот барои ноил шудан ба муваффақият дар оянда», ки рӯзҳои 13-15 май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён гирифт, ширкат варзиданд.   

Дар чорабинии мазкур  ҳайати Тоҷикистонро Гулов Хол Толибович –  муовини сардори Хадамоти алоқа, Абдуллозода Фирдавс Зоирҷон –  мудири бахши  ҳуқуқи Хадамоти алоқа ва Мирзозода Сайдалӣ Саид – Директори генералии “Почтаи Тоҷик”  намояндагӣ намуданд.

Форум аз ҷониби Иттиҳодияи Умумиҷаҳонии Почта (UPU) дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон ташкил карда шуда буд.

Ин форум бо мақсади ташкили як платформаи стратегии минтақавӣ барои муҳокимаҳо, муқоиса, табодули дониш ва инноватсия баргузор шуда, дар он муҳокимаҳо бештар ба табдили бахши почта дар посух ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар муҳити рақамӣ равона гардиданд.