Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабир Шералӣ, Директори Шаҳри Ҳушманд Самадзод Саъди Хайрулло ва Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназарзода Шоҳназар Холназар дар Конфронси ҷаҳонии зеҳни сунъӣ (World Artificial Intelligence Conference – WAIC-2026) дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Конфронси ҷаҳонии зеҳни сунъӣ (World Artificial Intelligence Conference -WAIC-2026) ва ҷаласаи сатҳи баланд оид ба идоракунии глобалии зеҳни сунъӣ аз 17 то 20 июли соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Чорабинии мазкур яке аз бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба шумор рафта, намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва коршиносони соҳаи технологияҳои рақамиро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам меорад.

Дар доираи WAIC-2026 форумҳои сатҳи баланд, намоишгоҳи технологияҳои навтарин, муаррифии дастовардҳои инноватсионӣ, озмунҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва вохӯриҳои дуҷонибаву бисёрҷониба баргузор гардид. Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, амнияти рақамӣ, шабакаҳои алоқаи насли нав, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадафи асосии WAIC-2026 таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва такмили низоми идоракунии ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ буда, ба таъмини истифодаи бехатар, одилона ва самараноки технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва муназзами ин соҳа ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидааст.