Иштироки масъулини соҳаи алоқа дар Конфронси байналмилалии “AI Conf 2025” дар Душанбе

Навид Хабарҳои Хадамот

Иштироки масъулини соҳаи алоқа дар Конфронси байналмилалии “AI Conf 2025” дар Душанбе

Имрӯз, 25 октябри соли 2025, дар меҳмонхонаи “Crown Plaza” ва “Dushanbe Expo Centre”-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AI Conf 2025 ба кори худ оғоз намуд. Ҳамоиши мазкур яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои технологӣ дар минтақа буда, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Ҳоким Холиқзода, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ дар баромади худ зикр кард, ки зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ табдил ёфтааст. Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат сиёсати фаъолро барои рушди инфрасохтори рақамӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳа ва ҷалби сармоягузории байналмилалӣ пеш мебарад.

Дар кори конфронс ҳамчунин вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, асосгузор ва роҳбари ширкати Zypl.ai Азизҷон Азимӣ ва намояндагони ширкатҳои байналмилалии NVIDIA, Perplexity AI, Presight (G42), Yotta, Mistral AI ва дигар созмонҳои технологӣ иштирок доранд.

Ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш ҳузур дошт.

Боиси таъкид аст, ки соҳаи алоқа нақши калидӣ дар рушди экосистемаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон мебозад. Соҳаи алоқа бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотии рақамӣ аз заминаҳои асосии татбиқи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, Хадамот бо роҳандозии лоиҳаҳои нав, аз ҷумла рушди шабакаҳои рақамӣ, инфрасохтори иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳои соҳавӣ, барои густариши экосистемаи зеҳни сунъӣ саҳми фаъол дорад. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дурбинонаи Ҳукумат, Тоҷикистон имрӯз ба яке аз нуқтаҳои нави ҷалбкунандаи ширкатҳои ҷаҳонии зеҳни сунъӣ табдил меёбад.

AI Conf 2025 ҳамчун минбари муҳими мубодилаи дониш, муаррифии ташаббусҳои миллӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ арзёбӣ мегардад. Ин ҳамоиш Тоҷикистонро ба ҳайси маркази нави технологӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи AI муаррифӣ мекунад.