Иштироки Муовини Сардори Хадамоти алоқа дар  Форуми СММ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ

Навид

Иштироки Муовини Сардори Хадамоти алоқа дар  Форуми СММ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ

Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Муртазозода дар  Форуми СММ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ таҳти унвони “Панҷ сол то соли 2030: суръат бахшидани хизматрасониҳои давлатӣ барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуд.

Форуми мазкур рӯзҳои 23-25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои гуногунсамт, аз ҷумла дар бахши алоқа ва технологияи муосири инноватсионӣ, мавриду таҳлил баррасӣ қарор дод шуд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорони  тавсия ва пешниҳодҳо ироа гардид.

Чорабинӣ  ба мақсади мусоидат ба ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор тавассути таҳкими иқтидори инсонӣ ва технологии ниҳодҳои бахши давлатӣ ба нақша баргузор гардида, дар он иштироки вазирон, намояндагони ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираи олимон ва бахши хусусӣ ширкат варзиданд.