Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки заминаи рушди босуботи соҳаҳои мухталиф дар кишвар таъмин ва сатҳи некуаҳволии аҳолӣ беҳтар гашта, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардем. Аз ҷумла, аз солҳои аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи алоқаи кишвар Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Соли 2006 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006,№9 дар натиҷаи муттаҳид кардани се сохтори алоҳида: Вазорати нақлиёт, Вазорати алоқа ва Департаменти авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия дар он солҳо ҳамчун мақоми ягонаи идоракунии нақлиёт ва алоқа фаъолият мекард. 28 феврали соли 2011 соҳаи алоқа аз вазорат ҷудо шуда, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва худи вазорат ба Вазорати нақлиёт мубаддал гашт.

Аз моҳи майи соли 2011 ҳамчун ниҳоди алоҳидаи давлатӣ – Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хеш оғоз бахшид ва тадриҷан бо муҳайё намудани заминаи зарурии меъёриву ҳуқуқӣ доираи фаъолияти хешро густарда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ гардонид.

Рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, шабакаҳои мобилӣ ва собит, густариши хатҳои нахи оптикӣ, дастрасӣ ба интернети баландсуръат, таҳкими устувории шабакаҳои байналмилалӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи алоқа арзёбӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар, лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Дар муҳлати пешбинишуда бо ҷалби мутахассисони соҳа «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» омода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026, №231 қабул гардид. Стратегия ҳуҷҷати калидии банақшагирии стратегии соҳавӣ буда, барои муайян намудани афзалиятҳои сиёсати давлатӣ,  ҳадафҳои дарозмуддат ва механизми рушди устувори соҳаи телекоммуникатсия ва хизматрасониҳои почтавӣ дар бахши маданӣ дар шароити гузариши рақамӣ равона гардидааст.

Он бо назардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои байналмилалӣ, тамоюлҳои технологии ҷаҳонӣ, чолишҳои минтақавӣ ва хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳия шудааст. Ҳуҷҷати қабулгардида ҳамчун асос барои таҳия ва тасҳеҳи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, алоқа ва хизматрасониҳои почтавӣ, ҳуҷҷатҳои стратегии байниидоравӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барномаҳои табаддули рақамии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои давлатӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегие, ки ба рушди шабакаҳои алоқа дахл доранд, хизмат мекунад. Стратегия амалисозии маҷмуи чораҳои мувофиқашудаи дорои хусусияти техникӣ, ташкилӣ, меъёрӣ ва кадриро пешбинӣ менамояд, ки ба рушди устувори соҳаи алоқа ва алоқаи почтавӣ равона шудаанд. Дар маҷмуъ, татбиқи ҳуҷҷати мазкур ба рушди инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба интернети баландсуръат, бартараф намудани нобаробарии рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии пешрафта ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти алоқа тибқи нақшаҳои корӣ ба татбиқ намудани ислоҳот дар соҳаи алоқа, ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хусусӣ ба инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими рақобат дар соҳаи телекоммуникатсия баҳри арзон, босифат ва саривақт амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи алоқа, инчунин таҳвили маълумот, таъсиси шабакаҳои нақлиётии баландсуръати нахи нурӣ ва насби таҷҳизоти алоқа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар соли 2026 насби 1850 адад истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1361 адад истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (811 ададро ташкил медод) 67,8% зиёд мебошад. Дар ҷумҳурӣ умуман 18380 адад истгоҳҳои базавӣ мавриди истифода қарор дошта, насби истгоҳҳои базавӣ идома дорад. Ҳамчунин, оид ба таъмин намудани хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи нерӯи барқ маҳдуд ва ё ба мушкилӣ мувоҷеҳ аст, аккумулятор ва дизел-генераторҳо харидориву карда шудаву бо маводи сӯзишворӣ таъмин гардида, кори бетаваққуфи онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дода шудааст.

Дар соли 2026 насб ё иваз намудани 3556 аккумуляторҳо, 296 адад дизел-генераторҳо ва насби 1801 панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5,63 МВт ба нақша гирифта шуда, феълан дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 11863 адад аккумуляторҳо, 3366 адад дизел-генераторҳо ва 2605 адад панелҳои офтобӣ бо иқтидори 12,55 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет дар соли 2026 кашидани 3387 км хатҳои нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 253 километрро ташкил медод 51,4 % зиёд мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10611 километр хатҳои нахи нурии алоқа роҳандозӣ гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Айни ҳол лоиҳаҳои шоҳроҳҳои алоқаи хати нахи нурии зерин роҳандозӣ гардида истодаанд:

– масири Душанбе – Дарвоз – Хоруғ – Кулма. Қитъаи Душанбе – Норак ба масофаи 73 километр, қитъаи Кӯлоб – Ш.Шоҳин – Дарвоз ба масофаи 182 километр ва қитъаи Дарвоз – Ванҷ – Рушон – Хоруғ ба масофаи 310 километр иҷро гардидааст. Дар қитъаи Хоруғ – Кулма ба масофаи 445 километр корҳо идома доранд;

– Нуробод – Рашт – Тоҷикобод – Лахш – деҳаи Қарамиқ ба масофаи 213 километр корҳои насбу васл идома доранд;

– ҷониби самти Чоркуҳ-Ворух 23 километр иҷро гардид.

Дар баробари ин, аз оғози соли 2026 корҳои профилактикӣ ва таҷдиди хатҳои нахи нурии байнишаҳрӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар натиҷа қобилияти гузарониши хатҳои магистралӣ ва сатҳи устувории шабака беҳтар гардид.

 Хадамоти алоқа барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро таҳким дода истодааст. Илова бар ин, сохтмони хатҳои нави нахи нурӣ дар як қатор самтҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Исфара (Ворух) – Ҷумҳурии Қирғизистон, Кулма – Ҷумҳурии Мардумии Чин, Панҷакент (Саразм) – Ҷумҳурии Узбекистон (Самарқанд), Шаҳритус – Ҷумҳурии Узбекистон (Термез) ва Фотеҳобод – Ҷумҳурии Узбекистон (Ойбек) барои солҳои 2026–2028 ба нақша гирифта шудааст. Айни замон, дар як қатор гузаргоҳҳои байналмилалӣ шоҳроҳҳои хатҳои нахи нурии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя фаъол буда, алоқаи байналмилалиро таъмин менамоянд. Чунончи, дар самтҳои Исфара – Ҷумҳурии Қирғизистон (Гулистон), Спитамен – Ҷумҳурии Узбекистон (Бекобод), Турсунзода – Ҷумҳурии Узбекистон (Сариосиё) ва Панҷи Поён – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (Қарадум) шабакаҳои нахи нурӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо операторони мазкур арзиши воридотии интернет ба кишвар мунтазам коҳиш дода мешавад.

Бо мақсади таъмини сатҳи устувор, босифат ва дастрасии хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иштирокчиёни бозори алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2026, №19 «Дар бораи Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ» ба тасвиб расида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2026, №1403 ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои андешидашуда, суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шуд. Суръати интернети собит ҳоло ба 48,71 Мбит/с расонида шуда, раванди мазкур идома ёфта, суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.

Дар соли 2026 хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом имкониятҳои дастрасӣ ба интернетро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузари кишвар васеъ намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани фарогирии хизматрасониҳои алоқа мусоидат менамояд.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,2 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7 миллиону 975 ҳазор муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 6 миллиону 78 ҳазор муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5 миллиону 505 ҳазор (5,1 млн. дар нимсолаи якуми соли 2025) ададро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5 миллиону 322 ҳазор нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.

Дар маҷмуъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.

Айни ҳол барои ба самтҳои гуногун фиристодани муросилоти почта ҳамкории судманд бо ҳамтоёни давлатҳои ИДМ ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ маълум мегардад, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 даромади умумии соҳаи алоқа 3 миллиарду 7 миллиону 179 ҳазору 872 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (2 миллиарду 373 миллиону 933 ҳазору 689 сомонӣ) 26,7% фоиз зиёд шудааст.  

Теъдоди кормандони дар соҳаи алоқа фаъолияткунанда зиёда аз 6160 нафарро ташкил дода, аз ин мардҳо 4429 нафар (72,%), занҳо 1731 нафар (28%)-ро ташкил менамоянд.

Инчунин Хадамот фаъолияти худро дар самтҳои марбут ба таъмини амнияти иттилоотии соҳа ба роҳ монда, бо мақсади пешгирии паҳншавии маводи хилофи қонунгузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкориро бо модераторон ва намояндагони платформаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «ВКонтакте» ва «TikTok» роҳандозӣ намуд. Дар натиҷаи ҳамкориҳои мазкур, инчунин дар асоси муроҷиатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чораҳо ҷиҳати маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияти саҳифаҳо ва аккаунтҳои дорои муҳтавои ғайриқонунӣ тадбирҳо андешида шуда, тариқи мактубҳои расмӣ фаъолияти 114 адади онҳо қатъ карда шуданд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои киберқаллобӣ тавассути сомонаҳои фишингӣ, пайвандҳои шубҳанок ва замимаҳои қалбакӣ, Раёсати таъмини амнияти иттилоотии Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чораҳои муштаракро амалӣ намуд. Дар соли 2026 дастрасӣ ба 6 суроғаи фишингӣ, ки тавассути Telegram ба шаҳрвандон ирсол мегардиданд, маҳдуд карда шуд. Бо дарназардошти афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ тавассути шабакаҳои мобилӣ, аз ҷумла ҳолатҳои иваз намудани рақами зангҳои содиротӣ – spoofing, дар Хадамоти алоқа бо ҷалби мутахассисони ватании ҶСК «Тоҷиктелеком» низоми махсуси зиддиқаллобӣ – «Антифрод» таъсис ва роҳандозӣ гардид. Айни замон ҳамаи операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми мазкур пайваст гардида, санҷиши зангҳои воридотии байналмилалӣ бо истифода аз рамзи +992 ба таври худкор анҷом дода мешавад. Татбиқи низоми мазкур яке аз тадбирҳои муҳими амалии Хадамот дар самти ҳифзи муштариёни шабакаҳои алоқа, коҳиш додани хавфи киберқаллобӣ, пешгирии spoofing ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои мобилӣ ба ҳисоб меравад.

Дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, Хадамоти алоқа фаъолияти худро бо назардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва истифодаи онҳо дар самти рушду нумӯи соҳаи алоқаи барқии кишвар амалӣ намуда, бо Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU), Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (РСС), Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки рушди Осиё вохуриҳо гузаронида, ба ширкатҳои хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ лоиҳаҳои соҳавиро манзур намудааст. Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки аз 2 то 5 марти соли 2026 дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания баргузор гардид, бо мақсади ҷалби технологияҳои муосир ва тақвияти иқтидори соҳавӣ, ёддоштҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалии «VOX Solutions» ва «Systemics» ба имзо расонида шуданд. Дар ҳошияи Конгресси болозикр вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) баргузор гардида, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмиллалии ITU баррасӣ шуданд. Дар 10-умин Форуми идоракунии интернет дар Осиёи Марказӣ (CAIGF) таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ то ҳамгироии рақамӣ», ки 28 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид масъалаҳои коҳиши тафовути рақамӣ, рушди инфрасохтор, амнияти киберӣ, идоракунии интернет ва истифодаи зеҳни сунъӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GSMA моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе семинари байналмилалӣ “Оид ба алоқа дар ҳолатҳои фавқулода ва технологияҳои пахши мобилӣ” баргузор гардид, ки ба таҳкими омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, рушди системаҳои огоҳкунии саривақтӣ, устувории инфрасохтори алоқа ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ, операторони мобилӣ ва шарикони байналмилалӣ равона шуд. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия зимни ҷаласаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМА), ки 5 июни соли 2026 баргузор гардид, доир ба дастгирии ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси “Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёри ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори дахлдор қабул гардид, ки ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, таҳкими иқтидори кадрӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ мусоидат менамояд. Дар ҳошияи ҷаласаи солона ва Форуми соҳибкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд   5 июни соли 2026 ёддошти тафоҳум оид ба навсозӣ ва тавсеаи шабакаи миллии телекоммуникатсионӣ ба маблағи тахминан 43 миллион доллари ИМА ба имзо расид, ки ба рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва пешбурди раванди рақамикунонии кишвар равона шудааст. Бо ташаббуси Хадамоти алоқа 19 июни соли 2026  мизи мудаввар оид ба ташаббусҳои шарикӣ барои татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳа доир шуд. Дар бахши мубодилаи афкор иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба таҳкими идоракунӣ ва шарикӣ, ҷалби сармоя, рушди инноватсия ва омодасозии мутахассисони соҳаро муҳокима намуда, пешниҳодҳои худро ҷиҳати татбиқи самараноки стратегия иброз доштанд. Тибқи натиҷаҳои мизи мудаввар, таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми марказии ҳамоҳангсозии талошҳои шарикон, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, мутобиқсозии сиёсатҳо ва суръат бахшидан ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 пешниҳод гардид. Рухдоди тозаи дигаре, ки бо ибтикори Хадамоти алоқаи кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкати “Сбер”-и Федератсияи Русия ба вуқуъ пайваст, ин расман дар пойтахти кишвари мо ба фаъолият оғоз намудани “Школа 21” мебошад, ки фаъолияти он барои омодасозии мутахассисони соҳаи IT равона гардидааст.

Самти дигари муҳимми фаъолият рақамикунонии равандҳои соҳавӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, суръат ва самаранокии идоракунӣ портали ягонаи рақамӣ ҷорӣ карда мешавад, ки равандҳои иҷозатдиҳӣ, ҳисоботдиҳӣ ва пешниҳоди дархостҳо ба шакли электронӣ мегузаранд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки назорату танзим  тақвият ёфта, таҳлили маълумот ва қабули қарорҳои асоснок ба роҳ монда шавад, муҳлатҳои хизматрасонӣ кӯтоҳ гарданд ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо ба таври шабонарӯзӣ таъмин шавад. Барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар робита ба ин, Хадамот нақшаи мушаххасро бо операторони мобилӣ таҳия намуда, баҳри бартараф намудани омилҳои мавҷудияти қитъаҳои мушкилидошта, мукаммал намудани шабакаҳо ва марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояи иловагӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори зарурӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии интернет дар ҷумҳурӣ, тадбирҳои муассир андешида истодааст. Мутобиқи талаботи амри Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2025, №01-72075 операторони мобилӣ уҳдадор гардиданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқшуда то 30 сентябри соли 2026 фарогирии пурраи роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии кишварро бо шабакаи мобилии стандарти 4G таъмин намоянд. Пайвастшавӣ ба интернет тавассути афзоиш додани нуқтаҳои истифодабарии Wi-Fi дар иншооти хизматрасон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурушгоҳҳои бузург, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурӯдгоҳҳо, комплексҳои варзишӣ ва монанди инҳо, амалӣ карда мешавад.

Бо суръати баланд рушд намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодабарии васеи онҳо, аз ҷумла интернет-ашё (IoT), зеҳни сунъӣ дар равандҳои идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми иттилоот, зарурияти роҳандозии шабакаи алоқаи мобилии насли 5G-ро дар кишвар ба миён меоварад. Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» роҳандозии шабакаҳои насли 5G густариш ёфта истодаанд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 131 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд; аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 97 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 5, Кулоб 3 адад ва Хуҷанд 24 адад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири алоқа, бо амри Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2025, №01-72118 дар асоси Ёддошт оид ба таъсиси Консорсиум миёни Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи мобилӣ, ки 14 октябри соли 2025 ба имзо расидааст, нақшаи насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 тасдиқ карда шуд. Мутобиқи нақшаи мазкур, насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ ва тибқи ҳиссаи муқарраргардида амалӣ мегардад. Татбиқи марҳилавии нақшаи мазкур барои рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои инноватсионӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина аз ҷониби Хадамоти алоқа шароити мусоиди рушди соҳа фароҳам гардида, такмилу таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд таҳти назорат қарор дода шуда, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи муштариён ва мутобиқсозии соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарури амалӣ гардонида мешаванд.

Тамоми дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишвар, ба вижа соҳаи алоқа, маҳз аз баракати Истиқлоли давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ муяссар гардидааст. Ин ду неъмати бузург ба он мусоидат намуд, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ садҳо объектҳои таъйиноти гуногун бунёд ёфта, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оянд ва ба ин васила сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад. Яъне, бо итминон метавон гуфт, ки маҳз пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ метавонад заминаи мусоиди рушди ҳар як кишварро таъмин намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”.  Ҳикмати ин нукта дар он таҷассум меёбад, ки ҳар яки мо бояд барои пойдориву таҳкими пояҳои давлатдории навин, Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои то кунун муяссаргардида талош варзем ва барои боз ҳам пешрафти кишвари азизамон саҳми боризи худро гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем ифтихор намоем, ки рисолати хешро дар назди давлату миллати хеш ба қадри имкон анҷом додаем.

Фурқат Бозоров,

Сардори Раёсати рушди алоқа ва

иттилоотонии Хадамоти алоқа

Бознашр аз маҷаллаи “Алоқа” 2026 №7