Иттилоот оид ба тадбирҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои операторҳои мобилӣ.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои операторони мобилӣ ва бо дарназардошти арзу шикоятҳои истифодабарандагон ва муштариёни онҳо оид ба паст будани суръати алоқаи мобиливу интернет ва қатъи муваққатии хизматрасониҳо дар баъзе минтақаҳо, тадбирҳои амалӣ андешида, чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар робита ба ин, 20 ноябри соли 2025 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрии корӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он сабаб ва омилҳои паст гардидани сатҳу сифат ва дастрасии муштариён ба алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернет дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти вохурии корӣ роҳбарони ширкатҳои мобилӣ оид ба масъалаи мазкур ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт гузориш дода, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барқарор намудани хизматрасонии босифат ба муштариён ва таъмини муътадили алоқаи мобилӣ ва интернет дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Дар идома бо мақсади расидагӣ намудан ба арзу шикоят ва дархостҳои муштариён ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва интернет, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаистодаанд, аз ҳисоби роҳбарияти Хадамоти алоқа ва сохторҳои он ва роҳбарону масъулини ширкатҳои мобилӣ гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.
Гурўҳи корӣ тибқи арзу шикояти муштариён аз мавзеъ ва маҳалҳои гуногуни хизматрасониҳо аз ҷумла, ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Восеъ ва Кўлоби вилояти Хатлон аз наздик шинос шуда, ҷиҳати сари вақт баратарф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла ба ширкатҳои мобилӣ дастур дода шуд, ки новобаста аз қатъ ва ё маҳдуд гардидани таъмини қувваи барқ дар минтақаҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои осебпазир, бо истифода аз панелҳои офтобӣ, аккумуляторҳои захиравӣ ва дизел-генераторҳои коршоям фаъолияти ҳамаи истгоҳҳои базавии мобилиро мунтазам ва бе таваққуф роҳ монанд.
Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор карда шуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, сарбории истгоҳҳои базавиро танзим намуда, ҷиҳати таҷдиди инфрасохтор, насби таҷҳизоти иловагӣ ва тавсеаи шабакаҳо дар минтақаҳои серистеъмол, чораандешӣ намоянд.
Илова ба ин ширкатҳои мобилӣ бо мақсади таъмини шаффофият дар фаъолият ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон уҳдадор гардиданд, ки дар ҳолатҳои ба нақша гирифташуда ё ногаҳон ба амал омадани зарурати қатъ намудани муваққатии хизматрасониҳо, новобаста аз сабабҳои ба миёноянда, муштариён ва истифодабарандагонро пешакӣ ва сари вақт ба таври ҳатмӣ огоҳ намоянд. Огоҳиномаи ширкатҳо ба муштариён дар ин бора бояд бо нишон додани сабабҳои қатъшавӣ, минтақаҳои таъсирпазир, вақти оғоз ва муҳлати тахминии барқарорсозии хизматрасонӣ тавассути SMS-паёмҳо, хабарҳои фаврӣ дар сомонаҳои расмии ширкатҳо ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намоянд.
Дар баробари ин аз истифодабарандагони хизматрасониҳои мобилӣ эҳтиромона дархост менамояд, ки дар ҳолати паст будани сифати хизматрасонӣ ё фаъолият накардани истгоҳҳои мобилӣ, бо нишон додани суроға, вақти ба миён омадани мушкилӣ ва номи оператор, ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд.
Тадбирҳои зерин бо мақсади беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасониҳо роҳандозӣ гардида, пеш аз ҳама ба барқарор кардани эътимоди шаҳрвандон ва рушди устувори шабакаҳои мобилӣ андешида шудаанд.
Хадамот оид ба корҳои аҷомдодашуда, натиҷаи иҷроиш, таѓйирот ва ислоҳот дар самти мазкур мунтазам иттилои расмӣ нашр хоҳад кард.