Маълумоти умумӣ
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Хадамот) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои идора, назорат, танзим ва баамалбарории хизматрасонии алоқаи барқӣ, алоқаи почта, алоқаи маҳвораӣ ва иттилоотонӣ (минбаъд — алоқа ва иттилоотонӣ) таъмин менамояд.
Хадамот вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунад:
- Таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- Ташаккул, идоракунӣ ва пешбурди раванди фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- Танзим ва пешбурди фаъолияти маркази тамос оид ба масъалаҳои сифати алоқа дар кишвар;
- Бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ;
- Гузаронидани ташхиси лоиҳаю барномаҳо оид ба бунёд ва рушди воситаҳои барномавию техникӣ, низом ва шабакаҳои иттилоотонӣ, технологияҳои иттилоотӣ аз ҷиҳати техникӣ ва додани хулосаҳо;
- Назорат ва бозрасии ҳолат ва рушди шабакаҳои алоқа, фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ, фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, почта ва иттилоотонӣ, пардохти саривақтии хироҷҳои муқарраршуда ба буҷети давлатӣ;
- Тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намудани ҳамоҳангии таъйиноти басомадҳо бо маъмурияти мақоми алоқаи давлатҳои хориҷӣ ва бақайдгирии таъйиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
- Назорати риояи талаботи сохтмони шабакаҳои алоқа ва васеъкунии онҳо, новобаста аз шакли шабака;
- Танзими фаъолияти ширкатҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ;
- Додани сертификати мутобиқат ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқаи барқӣ, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла барномаҳои таъминотие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд;
- Ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти шаҳрвандон ва дар ҳолатҳои фавқулода таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи операторони алоқаи барқӣ гузошта шудаанд;
- Ҷудо намудани радиобасомад ва рақамгузорӣ дар соҳаи алоқа;
- Амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.