Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025 таҳти №481, «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тибқи Низомномаи нави Хадамоти алоқа дар дастгоҳи марказӣ «Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус» таъсис дода шудааст.
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, инчунин Низомномаи Хадамоти алоқа ва Низомномаи дохилии шуъба ба роҳ мондааст. Шуъба татбиқи сиёсати давлатии кадриро дар низоми Хадамот таъмин намуда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти кадрии воҳидҳои сохториро ба роҳ мемонад.
Дар доираи фаъолияти худ шуъба пешбурди ҳуҷҷатгузории кадрӣ, аз ҷумла парвандаҳои шахсии кормандон, дафтарчаҳои меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбутро таъмин менамояд. Ҳамзамон, таҳияи фармоишҳои кадрӣ вобаста ба таъин ва озод намудани кормандон аз вазифа, ба рухсатӣ фиристодан, ба сафари хизматӣ равона намудан ва дигар масъалаҳои кадрӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба ташкил ва баргузор намудани озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва баҳодиҳии фаъолияти онҳо мебошад. Шуъба инчунин ҷиҳати тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандон чораҳои зарурӣ андешида, ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо мусоидат менамояд.
Таҳлили ҳайати кадрӣ, банақшагирии талабот ба кадрҳо, омода намудани захираи кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо барои мансабҳои роҳбарикунанда низ аз вазифаҳои муҳими шуъба маҳсуб меёбанд. Дар баробари ин, шуъба масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонии кормандонро баррасӣ намуда, оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ пешниҳодҳо манзур менамояд. Назорати риояи интизоми меҳнатӣ ва талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ низ дар доираи фаъолияти шуъба амалӣ карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дар татбиқи сиёсати кадрӣ ва рушди захираҳои инсонӣ дар Хадамоти алоқа нақши муҳим дошта, фаъолияти он ба баланд бардоштани самаранокӣ ва касбияти хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.