Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исафндиёри Саъдулло аз рафти корҳои амалӣ дар сохтмони хатти магистралии алоқаи нахиву оптикии «Душанбе — Хоруғ — Қулма» дар ноҳияи Мурғоб шинос гардид.

Лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ оид ба сохтмони хатти магистралии алоқаи нахиву оптикии «Душанбе — Хоруғ — Қулма» бо дарозии умумии 1010 километр ба марҳилаи калидии амалишавӣ ворид мегардад.

Лоиҳа, ки аз ҷониби оператори миллии алоқа ҶСК «Тоҷиктелеком» татбиқ мешавад, ба иҷрои Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 равона гардидааст. Бунёдии лоиҳаи мазкур ба мустаҳкам намудани соҳибихтиёрии рақамии кишвар, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва тавсеаи иқтидори транзити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол мекунад.

Диққати махсус ба қитъаи мураккаби баландкӯҳи «Хоруғ — Қулма», ки дарозии он 435 километрро ташкил медиҳад, зоҳир мегардад. То имрӯз аз ҷониби бригадаҳои сохтмонӣ беш аз 38 километр кабели оптикӣ кашида шуда, инчунин 2500 адад пояҳо (симчӯбҳо/опораҳо), ки махсус барои истифода дар шароити иқлими сарди Мурғоб мутобиқ карда шудаанд, насб гардидаанд. Дар қитъа аз гузаргоҳи сарҳадии давлатии «Қулма» то ҳудуди Субаш марҳилаи асосии сохтмон ба охир расида, дар минтақаи аҳолинишини Ҷилонди пойгоҳи зарурӣ ва техникиву моддӣ захира шудааст.

Барои таъмини эътимоднокии баланди магистрал дар шароити баландкӯҳ ва боргириҳои шамол арматураи махсуси пӯлодӣ ва сохторҳои мустаҳкамшуда истифода мешаванд ва бинои собиқ пойгоҳи гидрометеорологӣ ба нуқтаи такягоҳии техникии хизматрасонӣ табдил дода мешавад.

Оғози пурраи баҳрабардории тиҷоратии магистрали байналмилалӣ ва нуқтаи пайвастшавии байналмилалӣ барои охири моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бо ба истифода додани ин иншоот, магистрали мазкур панҷумин сарҳади байналмилалии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд. Пайдо шудани нуқтаи нави пайвастшавии фаросаҳардӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин имкон медиҳад, ки ҳалқаи захиравии шабакаи миллӣ шакл гирифта, устувории баланди инфрасохтори рақамиро кафолат, таъхири интиқоли маълумотро коҳиш ва иқтидори гузариши каналҳои хориҷиро ба таври назаррас афзоиш диҳад. Илова бар ин, лоиҳа имкониятҳои навро барои рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мекушояд: сокинони ноҳияҳои баландкӯҳи ҳамҷавор ва деҳаҳои дурдаст дар тӯли тамоми хатти сохтмони ХНОА дастрасиро ба интернети баландсуръат, хизматрасониҳои муосири ҳукумати рақамӣ, таҳсили масофавӣ, телемедитсина ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ пайдо мекунанд, ки ин ба рушди фаъолияти соҳибкории маҳаллӣ ва сайёҳӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Бояд гуфт, ки бунёди лоиҳаи мазкур соли 2025 оғоз шуда, дар марҳилаҳои якуму дуюм корҳои пайвасткунӣ пурра анҷом ёфтанд. Айни замон то шаҳри Хоруғ шабакаи магистралии баландсуръат мавриди истифодаи фаъол қарор дорад.