Маълумотнома барои намояндагони ВАО оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмоҳаи аввали соли 2025
Хадамоти алоқа дар ин давра фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидаанд, ҳамзамон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ монда, дар самтҳои муайяншуда нақшаҳои соҳаи алоқаро таҳия ва роҳандозӣ кард.
Дар давраи ҳисоботӣ 811 адад истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (157 адад) 516 % ё 5 маротиба зиёд мебошад. То охири сол боз насби 1000 адад истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли ҷорӣ 253,7 километр хатти нахи нурӣ кашида шуда, ҳоло дар ҷумҳурӣ 8530,5 километр шоҳроҳҳои хатти нахи нурии алоқа роҳандозӣ гардида, боз кашидани 419 километр хатти нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон аз ҷониби Хадмоти алоқа дар якҷоягӣ бо шарикони рушд лоиҳаи «Навсозии шабакаҳои магистралии нахи нурии ҶСК «Тоҷиктелеком»»-ро бо дарозии 3459 км ва 9 нуқтаи пайвасти байналмилалӣ таҳрезӣ намуда, амалишавии он 3 солро дар бар мегирад. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 50 млн доллари ИМАро ташкил медиҳад.
Баҳри таъмин намудани хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи нерӯи барқ маҳдуд аст ва дар ҳолатҳои садамавии нерӯи барқ, ҷиҳати харидорӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ амалӣ гардонида шуда, дастрас, насб ва роҳандозӣ намудани фаъолияти муътадили онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дода шудааст. Ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 5569 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 2001 адад дизелгенератор ва панели офтобӣ бо иқтидори 16 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дорад ва то охири сол насб ё иваз намудани 1097 аккумуляторҳо ва насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори 1,2 МВт ба нақша гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи тадриҷан беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва танзими оқилонаи нархҳо, арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА расонида шуд.
Раванди мазкур идома ёфта, аз 15 июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, ки дар соҳаи алоқа иҷозатнома доранд, ҳамагӣ 93 адад, аз ин шумора 90 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 3 адади онро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд, ки бо 237 иҷозатномаҳои гуногун фаъолият доранд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 9 адад иҷозатномаи муҳлаташон баитмомрасида, бинобар сабаби аз тарафи субъектони хоҷагидор иҷро нагардидани шарту талаботҳои иҷозатномавӣ 51 адад иҷозатномаҳо бекор карда шуданд.
Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмуъ 80 парванда нисбати 78 нафар шахсони воқеӣ ва 2 шахси ҳуқуқӣ қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба маблағи умумии 162975 сомонӣ ба фоидаи давлат ситонида шуд.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 миллион муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,6 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,1 миллионро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,9 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Ин нишондод нисбат ба шаш моҳи қаблӣ 600 ҳазор нафар истифодабаранда зиед шудааст.
Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 24 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.
Бо суръати баланд рушд намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва истифодабарии васеи онҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар равандҳои идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми иттилоот, зарурияти роҳандозии шабакаи алоқаи мобилии насли 5G-ро дар кишвар ба миён меоварад. Тадбирҳои андешидашуда ва пешбинишаванда имконият медиҳанд, ки дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» роҳандозии шабакаҳои насли (стандарти) 5G густариш дода шавад.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе 20 адад ва Хуҷанд 2 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, то охири сол шумораашон ба 55 адад расонида мешаванд.
Вобаста ба ин, дар 3 соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯйи минтақа, инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети собит (ноқилӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14,2 фоиз зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ ба маблағи 8 миллион сомонӣ хизматрасониҳои почтавӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи зиеда аз 200 фоиз афзудааст. Айни ҳол барои ба самтҳои гуногун фиристодани муросилоти почта ҳамкории судманд бо ҳамтоёни давлатҳои ИДМ ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла пас аз таваққуфи яксола мубодилаи почта бо Русия аз 20 майи соли 2025 барқарор гардид.
Дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, Хадамоти алоқа фаъолияти худро бо назардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояҳои моддию маънавӣ ва истифодаи онҳо дар самти рушду нумуи соҳаи алоқаи барқии кишвар амалӣ намуда, бо Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU), Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (РСС), Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки рушди Осиё вохуриҳо гузаронида, ба ширкатҳои хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ лоиҳаҳои соҳавиро манзур намудааст.
Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби Хадмоти алоқа чорабиниҳои байналмилали аз кабили, семинари омӯзишии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) барои коршиносони техникии ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Истифодаи маълумоти кушода ва системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ барои таҳлил ва банақшагирии инфрасохтори ТИК”, ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (РСС) доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ, форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал», форуми Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) дар мавзӯи «Технологияҳои комуникатсионии оянда» бо мақсади шиносоӣ бо технологияҳо ва консепсияҳои гуногуни рушди алоқа ва усулҳои автоматикунонии алоқа дар асоси зеҳни сунъӣ ташкил карда шуданд, ки дар он намояндагони давлатҳои гуногун ширкат варзиданд.
Баҳри иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки дар баробари дигар вазорату идораҳо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъул гардидааст, аъзои ситод ва гуруҳи корӣ дар муҳлатҳои таъиншуда ба Хадамоти алоқа маълумотнома оид ба таҷҳизоти зарурӣ ва таъмини бемайлони дастрасӣ ба шабакаи интернетро манзур намуда истодаанд, ки он марҳила ба марҳила муҷаҳҳазгардониро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Хадамоти алоқа хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон роҳандозӣ гардид.
Барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилии ҷавобгӯи талаботҳои муосир ба таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар ин асно, аз ҷониби Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии “DMTEL” бо истифода аз комплекси барномавӣ-дастгоҳии NEMO (истеҳсоли Keysight Technologies) тадқиқоти сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бо гузаронидани ченкунию драйвтестҳо (санҷишҳо) ва ташхиси шабакаҳои алоқаи мобилӣ, ҷиҳати муайян намудани вазъи воқеии фарогирӣ, дастрасии алоқа ба истифодабарандагон ва қитъаҳои мушкилидоштаи шабакаҳо ба роҳ монда шуданд.
Пайвастшавии ба интернет тавассути афзоиш додани нуқтаҳои истифодабарии Wi-Fi дар иншоотҳои хизматрасон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурушгоҳҳои бузург, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурӯдгоҳҳо ва монанди инҳо, амалӣ карда мешавад.
Ташкили нуқтаҳои мубодилаи интернет IXP (Internet Exchange Points), ки ба коҳиш додани арзиши интернет ва баланд бардоштани суръат мусоидат мекунанд, айни ҳол IXP дар Душанбе татбиқ гардида, роҳандозии он дар шаҳрҳои дигари минтақа, пеш аз ҳама марказҳои вилоятӣ дар назар аст.
Баҳри тақвият ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, Хадамоти алоқа чунин вазифаҳоро дар давраи соли 2025 ба нақша гирифтааст:
– дар самти беҳбудӣ бахшидани хизматрасонии почтаи фаврӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодааст. Муосиргардонии фаъолияти корхонаи соҳаи почта афзалияти дигари фаъолияти соҳавӣ эътироф гардида, бо ин васила барои рақамикунонии соҳаи муросилоти почта, инчунин истифодаи он барои вусъат додани фаъолияти маркетплейсҳо, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, масъалаи ҷалби ширкатҳои DHL, FedEx, UPS, TNT Express ва дигарон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баррасиву муҳокима бо назардошти манфиатҳои миллӣ қарор дорад. Таҷдиди сохтории корхонаи соҳаи почта ба нақша гирифта шудааст;
– сохтмон, таҷдид ва таъмири тамоми шоҳроҳҳои алоқаи магистралии нахи нурӣ;
– идома додани лоиҳаҳои воридсозӣ, истифодабарии таҷҳизоту технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсионӣ;
– афзоиш додани ғунҷоиши каналҳои берунаи байналмилалӣ ва коммутаторҳои дастрасӣ ба шабакаи интернет;
– бунёди марказҳои коркарди маълумотҳо;
– таъсиси махзани маълумотҳо;
– рушди инфрасохтори зарурӣ барои амалисозии лоиҳаҳо, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586;
– бо мақсади тақвияти рушди бомаром ва устувори соҳа, таҳия гардидани лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2035» ва пешниҳод намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сатҳи хизматрасонии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот ва такмил қарор дошта, Хадамоти алоқа барои фаро гирифтани минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.