Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидаанд, ҳамзамон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ монда, дар самтҳои муайяншуда нақшаҳои соҳаи алоқаро таҳия ва роҳандозӣ кард.
«Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки қаблан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026, №231 тасдиқ гардид.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1361 адад истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (811 ададро ташкил медод) 67,8% зиёд мебошад. Дар ҷумҳурӣ умуман 18380 адад истгоҳҳои базавӣ фаъолият карда истода, насби истгоҳҳои базавӣ идома дошта, дар соли 2026 насби 1850 адад истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 131 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд; аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 97 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 5, Кулоб 3 адад ва Хуҷанд 24 адад.
Мутобиқи нақша, насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ ва тибқи ҳиссаи муқарраргардида амалӣ мегардад.
Ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 11863 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 3366 адад дизелгенераторҳо ва 2605 адад панелҳои офтобӣ бо иқтидори 12,55 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар соли 2026 насб ё иваз намудани 3556 аккумуляторҳо, 296 адад дизелгенераторҳо ва насби 1801 панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5,63 МВт ба нақша гирифта шудаанд.
Баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли ҷорӣ 383 километр хати нахи нурӣ кашида шудааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 253 километрро ташкил медод 51,4 % зиёд мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10611 километр хатҳои нахи нурии алоқа роҳандозӣ гардида, дар соли 2026 кашидани 3387 км хатҳои нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои стратегии бунёди шоҳроҳҳои алоқаи хати нахи нурӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар масири Душанбе – Дарвоз – Хоруғ – КулмақитъаҳоиДушанбе – Норак ба дарозии 73 километр, Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз ба дарозии 182 километр ва Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ ба дарозии 310 километр пурра иҷро гардида, дар қитъаи Хоруғ – Кулма ба дарозии 445 километр корҳои сохтмону васлкунӣ идома доранд. Ҳамзамон, дар масири Нуробод – Рашт – Тоҷикобод – Лахш – деҳаи Қарамиқ ба дарозии 213 километр корҳои насбу васли хати нахи нурӣ идома дошта, дар самти Чоркуҳ – Ворух низ 28 километр шабакаи нахи нурӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин, аз оғози соли 2026 корҳои профилактикӣ ва таҷдиди хатҳои нахи нурии байнишаҳрӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар натиҷа қобилияти гузарониши хатҳои магистралӣ ва сатҳи устувории шабака беҳтар гардид.
Илова бар ин, сохтмони хатҳои нави нахи нурӣ дар як қатор самтҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Исфара (Ворух) – Ҷумҳурии Қирғизистон, Кулма – Ҷумҳурии Мардумии Чин, Панҷакент (Саразм) – Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Самарқанд), Шаҳритус – Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Термез) ва Фотеҳобод – Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ойбек) барои солҳои 2026–2028 ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон, дар як қатор гузаргоҳҳои байналмилалӣ шоҳроҳҳои хатҳои нахи нурии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя фаъол буда, алоқаи байналмилалиро таъмин менамоянд. Чунончи, дар самтҳои Исфара – Ҷумҳурии Қирғизистон (Гулистон), Спитамен – Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Бекобод), Турсунзода – Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Сариосиё) ва Панҷи Поён – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (Қарадум) шабакаҳои нахи нурӣ мавриди истифода қарор доранд.
Бо мақсади таъмини сатҳи устувор, босифат ва дастрасии хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иштирокчиёни бозори алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2026, №19 «Дар бораи Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ» ба тасвиб расида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2026, №1403 ба қайд гирифта шудааст.
Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои андешидашуда, суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шуд. Суръати интернети собит ҳоло ба 48,71 Мбит/с расонида шуда, раванди мазкур идома ёфта, суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом имкониятҳои дастрасӣ ба интернетро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузари кишвар васеъ намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани фарогирии хизматрасониҳои алоқа мусоидат менамояд.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,2 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 6.1 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,5 миллион дар нимсолаи якуми соли 2025) ададро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5,3 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.
Шумораи умумии субъектҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқа, ҳамагӣ 107 ададро ташкил медиҳанд, ки бо 246 иҷозатномаҳо фаъолият доранд. Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои зикршуда дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳамагӣ 30 адад иҷозатнома ба 21 субъекти хоҷагидор дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи алоқа, аз ҷумла додани иҷозатномаҳо, бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ, сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ва истифодаи захираҳои рақамгузорӣ, ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 26 миллиону 966 ҳазору 577 сомонӣ ворид гардид, ки аз саҳми назарраси соҳа дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Дар баробари ин бо мақсади таъмини иҷрои талаботи ҳатмии қонунгузорӣ ва Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ, дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ширкатҳои мобилӣ, шахсони мансабдор ва масъулони марказҳои хизматрасонӣ ба маблағи 605 310 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани масъулияти субъектҳои соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат намуданд.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра назорати радиотехникии 9713 адад истгоҳҳои базавӣ, 5200 адад истгоҳҳои радиорелеӣ ва 828 адад радиомодемҳо гузаронида шудааст. Дар 123 адад пойгоҳҳои истгоҳи базавии операторони мобилӣ манбаҳои радиохалал ошкор ва бартараф карда шуданд.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 даромади умумии соҳаи алоқа 2,9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 23,8% фоиз зиёд шудааст.
Ҳамзамон, аз ҳисоби ин даромадҳо ба буҷети давлат андозҳо ба маблағи 837 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Маблағгузорӣ барои рушди шабакаҳои соҳаи алоқа дар соли 2026 ба андозаи 867 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 240 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда 27,7 % фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар соҳаи алоқа зиёда аз 6160 нафар фаъолият менамоянд, ки аз ин 4429 нафар (72%) мардон ва 1731 нафар (28%) занон мебошанд. Аз шумораи умумии кормандон 5837 нафар дорои ихтисоси соҳаи алоқа буда, 323 нафар кормандони дигар касбу ихтисосҳоро ташкил медиҳанд.
Бо дарназардошти афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ тавассути шабакаҳои мобилӣ, аз ҷумла ҳолатҳои иваз намудани рақами зангҳои содиротӣ – spoofing, дар Хадамоти алоқа бо ҷалби мутахассисони ватании ҶСК «Тоҷиктелеком» низоми махсуси зиддиқаллобӣ – «Антифрод» таъсис ва роҳандозӣ гардид. Айни замон ҳамаи операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми мазкур пайваст гардида, санҷиши зангҳои воридотии байналмилалӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад.
Аз 1 май то 1 июли соли 2026 низоми «Антифрод» 436 909 занги воридотии байналмилалиро санҷида, ба 73 831 занг иҷозати пайвастшавӣ дода, 363 078 ё ин ки 83,1% дарсади онҳоро ҳамчун эҳтимолан қаллобӣ ё дорои нишонаҳои ивазкунии рақам рад кардааст.
Татбиқи низоми мазкур яке аз тадбирҳои муҳими амалии Хадамот дар самти ҳифзи муштариёни шабакаҳои алоқа, коҳиш додани хавфи киберқаллобӣ, пешгирии spoofing ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои мобилӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти алоқа низ густариш ёфт. Аз ҷумла, аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд», санаи 26 марти соли 2026 ба имзо расонида шуд.
Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки аз 2 то 5 марти соли 2026 дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания баргузор гардид, бо мақсади ҷалби технологияҳои муосир ва тақвияти иқтидори соҳавӣ, ёддоштҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалии «VOX Solutions» ва «Systemics» ба имзо расонида шуданд. Инчунин, ёддошти сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати «Net Solutions” ва ширкати «GMS» ба тасвиб расид, ки ба рушди инфрасохтори рақамӣ, беҳтарсозии хизматрасониҳои алоқа ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон қайд бояд кард, ки дар ҳошияи Конгресси болозикр вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) баргузор гардида, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмиллалии ITU баррасӣ шуданд.
28 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе 10-умин Форуми идоракунии интернет дар Осиёи Марказӣ (CAIGF) таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ то ҳамгироии рақамӣ» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои коҳиши тафовути рақамӣ, рушди инфрасохтор, амнияти киберӣ, идоракунии интернет ва истифодаи зеҳни сунъӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
14-15 майи соли 2026 бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GSMA дар шаҳри Душанбе Семинари байналмилалӣ оид ба алоқа дар ҳолатҳои фавқулода ва технологияҳои пахши мобилӣ баргузор гардид.
5 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия зимни ҷаласаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМА) қарори дахлдор доир ба дастгирии ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёри ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, таҳкими иқтидори кадрӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ мусоидат менамояд.
5 июни соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи солона ва Форуми соҳибкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ёддошти тафоҳум оид ба навсозӣ ва тавсеаи шабакаи миллии телекоммуникатсионӣ ба маблағи тахминан 43 миллион доллари ИМА ба имзо расид, ки ба рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва пешбурди раванди рақамикунонии кишвар равона шудааст.
19 июни соли 2026 бо ташаббуси Хадамоти алоқа мизи мудаввар оид ба ташаббусҳои шарикӣ барои татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баргузор гардид. Чорабинӣ дар шакли гибридӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳа доир шуд.
Ба маркази тамоси Хадамоти алоқа бо рақами кӯтоҳи «4030» барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба сатҳу сифати соҳаи алоқа дар давраи ҳисоботӣ 1323 адад арзу шикоят ворид гардида, аз ин шумора 452 адад дар раванди иҷроиш қарор дошта, 871 адад мушкилиҳо бартараф карда шуданд.
Ташкили нуқтаҳои мубодилаи интернет IXP (Internet Exchange Points), ки ба коҳиш додани арзиши интернет ва баланд бардоштани суръат мусоидат мекунанд. Айни ҳол IXP дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд татбиқ гардида, роҳандозии он дар шаҳрҳои дигари минтақа, пеш аз ҳама марказҳои вилоятӣ дар назар аст.
Дар доираи ҳамкориҳо шарикии давлат бо бахши хусусӣ якчанд лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд, аз қабилӣ:
– таъсиси манбаи муттамарказонидашудаи ирсол ва қабули СМС пайёмакҳо (СМС-хаб). Лоиҳаи мазкур аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба давлат ва операторон имкон медиҳад, ки тамоми пайёмҳои СМС-ро ба таври мутамарказ идора карда, амният, шароити даромаднокӣ, назорати сифат ва шаффофияти масирро таъмин кунад;
– таъсиси махзани электронии рақамҳои мобилӣ, ки низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии рақамҳои мобилӣ мебошад;
– татбиқи лоиҳаи “Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: тиҷорати электронӣ ва муросилоти почтавӣ”, ин рақамикунонии инфрасохтор муосиргардонӣ ва автоматикунонии равандаҳои коркард ва интиқоли борҳоро дар бар мегирад;