Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркаи почтаи ҷашнӣ расман ба муомилот бароварда шуд.
Маросими рӯнамоии марка 21 августи соли равон дар доираи чорабинии муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» дар гулгашти тобистонаи «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёр Саъдулло, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвати Кавилмадам ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок карданд.
Дар тарҳи марка тасвири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба кор андохтани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», нишони расмии 35-солагии Истиқлолият ва манзараи зебои табиати Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Марка дар чопхонаи Cartor-и Фаронса бо теъдоди 6 ҳазор нусха нашр гардида, ҳамзамон бо лифофаи «Рӯзи аввал», варақаи хотиротӣ ва мӯҳри махсуси «Рӯзи аввал» бо таърихи 21 августи соли 2026 пешниҳод мешавад.
Дар анҷоми маросим раисикунандагон ва меҳмонони фахрӣ мӯҳри махсуси рӯзи аввалро бар рӯи лифофаҳо гузошта, оғози расмии муомилоти маркаи ҷашниро эълон намуданд.
Маркаи нави почта тавассути ҳамаи шуъбаҳои КВД «Почтаи Тоҷикистон» ва сомонаҳои расмии он барои дӯстдорони филателия ва шаҳрвандон дастрас хоҳад шуд.