Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши равандҳои рақамикунонӣ, ташаккули инфрасохтори муосири рақамӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди технологияҳои рақамӣ, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ин замина, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2025, №481 Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ» -и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсиси ин муассиса қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва ташкили шабакаҳои муосири коммуникатсионӣ арзёбӣ мегардад.

Вазифа ва салоҳиятҳои марказ  фарогир буда, ба рушди экосистемаи рақамӣ, инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи моҳвораии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд.  Иштирок дар омода ва таҳиясозии стандартҳои миллии алоқаи моҳвораии ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ,  дарёфт ва ҷалби сарчашмаҳои молиявии маблағгузории лоиҳаҳо барои рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ, таҳия ва амалӣ намудани стратегияи рақамисозӣ ва рушди инфрасохтори моҳвораӣ дар мамлакат, нақшакашӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтории нав, аз ҷумла марказҳои маълумот ва стансияҳои моҳвораӣ, рушди шабакаҳои алоқаи 4G/5G ва интернети босуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, назорат ва идоракунии истифодаи инфрасохтори рақамӣ ва моҳвораӣ, таъмини дастрасӣ ба интернет ва алоқаи моҳвораӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат,  ҷорӣ кардани технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI) ва таҳлилҳои калонмаълумотӣ (Big Data), мониторинг ва баррасии мутобиқат ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ аз ҷумлаи вазифаҳои маркази марзур маҳсуб мешаванд.

Бо мақсади иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои худ иқтидори кадрӣ, заминаҳои моддию техникии Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ» дар ҳоли такомулу ташаккул мебошад.

Бо назардошти ҷуғрофияи кӯҳистони доштани кишвари мо, алоқаи моҳвораӣ ба яке аз бахшҳои муҳими инфрасохтори телекоммуникатсионӣ табдил ёфтааст.   Боис зикр аст, ки ин технология интиқоли сигнал ва маълумотро тавассути моҳвораҳои сунъӣ таъмин намуда, имконияти ташкили шабакаҳои иртиботиро дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон фароҳам месозад.

Системаи алоқаи моҳвораӣ аз се сегменти асосӣ иборат мебошад:

  • сегменти заминӣ — истгоҳҳои заминӣ ва марказҳои идоракунӣ;
  • сегменти кайҳонӣ — моҳвораҳо ва транспондерҳои кайҳонӣ;
  • сегменти истифодабаранда — терминалҳо ва таҷҳизоти муштариён.

Бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди қаламрави онро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, истифодаи технологияҳои моҳвораӣ аҳамияти махсуси стратегӣ дорад. Алоқаи моҳвораӣ имконият медиҳад, ки минтақаҳои душворгузар ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ пайваст карда шаванд.

Барои самарнок иҷро намудани уҳдадориҳои марказ омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷи тақозои замон аст. Бинобар ин, дар моҳи апрели соли 2026 кормандони Марказ дар Конференсияи байналмилалии Space Technology Conference (STC) 2026, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти технологияҳои кайҳонӣ, барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи соҳа ва муайян намудани стратегияҳои самараноки рушди технологияҳои моҳворавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Конференсияи мазкур ҳамчун яке аз майдонҳои муҳими мубодилаи таҷриба ва муаррифии дастовардҳои навини соҳаи кайҳон арзёбӣ гардида, барои намояндагони Марказ имконияти васеи шиносоӣ бо тамоюлҳои муосири рушди технологияҳои моҳворавӣ ва инфрасохтори кайҳонӣ фароҳам овард.

Иштирок дар Space Technology Conference (STC) 2026 барои Марказ ҳамчун қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ-техникии соҳаи кайҳонии кишвар арзёбӣ мегардад.

Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз сохторҳои калидии рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Рушди инфрасохтори рақамӣ, шабакаҳои муосири коммуникатсионӣ, технологияҳои абрӣ, алоқаи моҳвораӣ ва татбиқи технологияҳои интеллектуалӣ барои рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва таҳкими амнияти иттилоотии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар фазои рақамии ҷаҳонӣ таҳким бахшида, ба марҳилаи нави рушди технологӣ ворид гардад.

Ҳамзамон, дар моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва табодули дониш дар самти технологияҳои рақамӣ, технологияҳои кайҳонӣ ва алоқаи моҳвораӣ, мутахассисони Марказ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода шуданд.

Ҳадафи асосии ин сафарҳо шиносоӣ бо дастовардҳои навини соҳаи телекоммуникатсия, системаҳои муосири алоқаи моҳвораӣ, технологияҳои назорати кайҳонӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ мебошад. Дар доираи мулоқоту вохӯриҳо масъалаҳои вобаста ба ташкили Маркази ДЗЗ (Дистанционное зондирование Земли) зондкунонии фосилавии замин дар назди Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ», истифодаи технологияҳои моҳвораӣ барои мониторинг ва идоракунии захираҳо, мубодилаи таҷриба ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ташкили зондкунонии фосилавии замин (Дистанционное зондирование Земли) метавонад барои назорати инфрасохтори муҳандисӣ, мониторинги ҳолатҳои фавқулода, идоракунии захираҳои табиӣ, назорати экологӣ, мониторинги соҳаи кишоварзӣ, пешгирии хавфҳои табиӣ ва рушди низоми рақамии идоракунӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар доираи сафарҳо инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи технологияҳои муосири кайҳонӣ, истифодаи додаҳои моҳвораӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардиданд.

Ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди соҳаи кайҳонӣ, ташаккули низоми муосири мониторинги моҳвораӣ, таҳкими иқтидори илмӣ-техникӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамин тавр, Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ» ҳамчун сохтори муҳими технологӣ фаъолияти худро ба ташаккули муҳити рақамии устувор ва таъмини фаъолияти самараноки шабакаҳои коммуникатсионӣ равона сохта, дар ислоҳоти бо мароми соҳаи алоқа саҳм хоҳад гузошт.

Самариддин Саидзода, директори

Муассисаи давлатии “Маркази рушди

рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ”

Бознашр аз маҷаллаи “Алоқа” № 6