МегаФон Тоҷикистон барои иштирок дар ICT Week – 2025 қадрдонӣ карда шуд

Навид

МегаФон Тоҷикистон барои иштирок дар ICT Week – 2025 қадрдонӣ карда шуд

Аз 7 то 10 апрел дар Душанбе ICT Week – 2025 баргузор шуд, ки он рӯйдоди ниҳоят муҳим дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсияҳо дар кишвар маҳсуб меёбад. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳамчун яке аз иштирокчиёни аз ҳама фаъоли чорабинӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар доираи ICT Week – 2025 ширкат барои саҳми худ дар рушди технологияҳои рақамӣ дар ҷумҳурӣ бо сертификат сарфароз гардонида шуд. Ба ғайр аз ин, МегаФон Тоҷикистон дар номинатсияи “Навоварӣ дар низоми хизматрасонии мобилӣ” соҳиби диплом гардид, ки он низ дар навбати худ аз дастовардҳои ширкат дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва роҳандозии хизматрасониҳои рақамӣ шаҳодат медиҳад.

“Мо ифтихор дорем, ки фаъолияти мо сазовори чунин баҳои баланд гардид. Барои мо инноватсияҳо на танҳо тренд, балки стратегияе мебошад, ки мо ҳаррӯза пайгириаш мекунем, то мизоҷонро бо имкниятҳои беҳтарини рақамӣ таъмин намоем. ICT Week – платформаи беҳтарин барои табодули таҷриба, инъикос кардани дастовардҳо ва роҳандозии ҳамкориҳо бо шарикони нав мебошад”, – қайд намуд директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

МегаФон Тоҷикистон роҳандозии технологияҳои муосир, инкишофи инфрасохтор ва васеъкунии доираи хизматрасониҳои рақамиро фаъолона идома дода, ҳамин тариқ ба табдили рақамии кишвар мусоидат менамояд.