МегаФон Тоҷикистон чемпионатро оид ба волейбол дар “Боми ҷаҳон” дастгирӣ кард
Аз 20 то 25 август дар Хоруғ Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) баргузор гардид. Мусобиқа бо дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки чанде пеш аз шарикӣ бо Федератсияи волейболи ВМКБ хабар дода буд, доир шуд.
Дар мусобиқаҳо пурзӯртарин дастаҳо аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд. Ҳар як бозӣ ба як намоиши шадиду ҳаяҷонбахши варзишӣ табдил ёфта, мубориза барои туҳфаи асосии чемпионат бошад тамошобинонро дар рафти бозӣ бо ҳаяҷону ҳиссиёти зиёд фаро гирифт.
Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси ВМКБ ва раиси Федератсияи волейболи вилоят Алишер Мирзонабот Худобердӣ, инчунин директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим Саданшоев ширкат варзиданд.
“Барои мо дастгирӣ намудани рушди варзиш дар ВМКБ муҳим аст, зеро он на танҳо саломатиро мустаҳкам менамояд, балки одамонро муттаҳид месозад. Волейбол ҳамеша ифтихори минтақа буд ва мо аз саҳмгузор будан дар рушди он хушҳол ҳастем. Боварӣ дорам, ки дар пеш моро рӯйдодҳои боз ҳами зиёди ҷолиби варзишӣ интизоранд”, – қайд кард Раим Саданшоев.
Дастгирии варзиш – яке аз рисолатҳои асосии иҷтимоии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” маҳсуб меёбад. Оператор фаъолона лоиҳаҳои васеъмиқёсро дар соҳаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life дар сабки футбол”, фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” ва мусобиқаҳо оид ба варзиши кибернетикиро амалӣ менамояд, ки ҳазорҳо иштирокчиён ва тамошобинонро дар саросари кишвар муттаҳид месозанд.
Ширкат мустаҳкам нигоҳ доштани мақоми шарики боэътимодро барои ташаббусҳои варзишӣ идома дода, баҳри рушди варзиши оммавӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.