“МегаФон Тоҷикистон” Наврӯзро бо сабки миллӣ пешвоз мегирад
Бо фарорасии моҳи март ва омадани баҳор идораҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” низ намуди худро дигар карданд: дар онҳо фазои идона ва гарму самимӣ ҳукмрон аст. Мушовирон меҳмононро бо сару либоси идона хайрамақдам мегӯянд.
Танҳо дар иди Наврӯз идораҳои оператор вазифаи осорхонаҳоро ба худ касб карда, доир ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷик маълумот медиҳанд. Дар ин ҷой матоъҳои гуногуни миллӣ, аз ҷумла матоъҳои сӯзанӣ, зардузӣ, чакан, бадахшонӣ, ва инчунин ашёҳои нодири хоҷагӣ: кӯзаҳои қадимаи бо нақшу нигор орододашуда, зарфҳои наққошии гилӣ, табақчаҳою қошуқҳои чӯбин, сабатҳою нондонҳои бофтаро метавон дид. Ҳамаи ин ашёҳо аз ҷониби худи мушовирон, ки на танҳо идораҳоро оро доданд, балки инчунин ба муносибати ҷашн сару либоси анъанавии тоҷикӣ ба бар карда, фарҳанги ҳар минтақаи кишварро муаррифӣ намуданд, пешниҳод карда шуданд.
Мизоҷони идораҳои хизматрасониро маззаи нотакрори суманак, бӯи бодому мавиз ва табассуми кормандон мунтазиранд. Зеро илтифоту меҳмоннавозӣ ба мисли тарзи махсуси амал нисбати ҳар як меҳмон – унсури муҳимми хизматрасонии баландсифат маҳсуб меёбад.
“Мо доим рӯзҳои идонаи Наврӯзро бесаброна интизор мешавем, кормандон бошанд, бо хушнудӣ сару либоси идона ба бар карда, идораҳоро бо сабки анъанавӣ оро медиҳанд. “МегаФон Тоҷикистон” одамонро на фақат бо пешниҳоди хизматрасониҳои муосири алоқа наздик месозад: мо ба анъанаву фарҳанг ва таърихи халқи худ эҳтиром мегузорем”, – мегӯяд роҳбари шабакаи чаканаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Муродҷон Норматов.



