«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода мекунад
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бунёду модернизатсияи шабакаро дар тамоми ҳудуди кишвар идома медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир оператор 50 майдони нави пойгоҳҳои базавии стандарти 4G/LTE-ро ба кор дароварда, интернети босуръатро ба бисёр маконҳое, ки дар онҳо қаблан шабакаи насли чорум дастнорас буд, ворид намуд. Лекин лоиҳаи муҳимтарини соли 2025 васеъкунии шабакаи 5G маҳсуб меёбад.
Ҷузъи якуми шабакаи насли панҷумро МегаФон Тоҷикистон дар соли 2020 нахустин бор дар кишвар ва яке аз аввалинҳо шуда дар олам ба кор дароварда буд. Ин имкон дод, ки таҷрибаи кор бо таҷҳизоти 5G андухта шавад. Лекин истеъмоли интернети мобилӣ дар доираи рушди зеҳни сунъӣ танҳо акнун то сатҳе расидааст, вақте суъатҳои насли панҷум барои мизоҷони корпоративӣ (масалан, барои назорати ҳазорҳо дастгоҳҳо бо SIM-кортҳо: банкоматҳо, дастгоҳҳои хазинавӣ, датчикҳои системаҳои бехатарӣ) ва муштариён-шахсони воқеӣ бештар лозим хоҳанд омад.
Алоқаи 5G суръатҳои ниҳоят баланди интернети мобилӣ – то 1 Гб/с барои як истифодабаранда ва ҳатто баландтар аз онро таъмин мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дилхоҳ контент дарҳол фаъол мегардад. МегаФон Тоҷикистон ният дорад, манбаи басомадҳоро бо фарохии 100 МГтс-ро, ки дар байни ширкатҳои инкишофдиҳандаи 5G хеле маъруф мебошад, ба кор барад.
Дар давоми соли 2025 шабакаи насли панҷум дар ҳудуди Душанбе – шаҳри калонтарини кишвар, ки дар он истифодабарандагони эҳтимолии суръатҳои гигабитии интернет бештар қарор доранд, пайваста бунёд карда мешавад. Дар нимсолаи дуюм дар ноҳияҳои марказӣ боз шаш пойгоҳи базавии 5G пайдо шуданд. Фарогирии пурраи минтақа бо шабакаи 5G имкон медиҳад, ки баъзе аз мушкилоти техникӣ ҳал карда шуда, аз ҷумла ҳамгироии пойгоҳҳои нави базавӣ бо шабака, ки дар он миқдори таҷҳизоти насли чорум ҳоло зиёдтар аст, ба амал бароварда шавад. Минбаъд пойгоҳҳои базавии 5G бо суръатҳои баланд насб карда шуда, ҳудудҳои дигари кишварро низ фаро хоҳад гирифт.
“Инкишофи шабакаи насли панҷум як саҳми назаррас ба рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. 5G имкониятҳои комилан нави истифодаи дилхоҳ хизматрасониҳои рақамӣ ва аз ҳама муҳим махзани муайянро барои таҳияи хизматрасониҳое, ки шабеҳашон ҳоло дар бозори телекоммуникатсионии кишвар мавҷуд набуд, таҷассум менамояд”, – қайд намуд директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.