МегаФон Тоҷикистон – шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

Навид

МегаФон Тоҷикистон – шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

Дар Тоҷикистон яке аз мусобиқаҳои деринтизортарини варзишии сол – Ҷоми кишвар оид ба футзал оғоз меёбад. Ба ҳайси шарики кулли мусобиқа ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки рушди футбол ва футзалро дар ҷумҳурӣ пайваста дастгирӣ менамояд, баромад мекунад.

Мусобиқаро Лигаи футзали Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил мекунад. Бозиҳо бо иштироки клубҳои пурқувваттарини футзал баргузор мешаванд. Ҷом беҳтарин бозингаронро муттаҳид менамояд, ба тамошобинон эҳсосоти рангинро ҳадя намуда, марҳилаи муҳим дар рушди футзал дар кишвар мегардад.

16 октябр маросими қуръакашии Ҷом бо иштироки дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гурдид. Мусобиқа аз даври чорякниҳоӣ оғоз ёфта, бозиҳо дар шакли “хона ва сафар” доир мегарданд. Клубҳои пурқувваттарини кишвар: “Истиқлол” (Душанбе), “Соро Компания” (Душанбе), “Сипар” (Хуҷанд), “Амонатбонк” (Душанбе), “Сомон” (Душанбе) ва КМВА (Душанбе) аз зумраи иштирокчиёни мусобиқа мебошанд.

“Мо аз он шодем, ки шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардидем. Барои “МегаФон Тоҷикистон” ин на танҳо лоиҳаи варзишӣ, балки саҳмгузорӣ дар оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Итминон дорам, ки мусобиқа ба мухлисон таассуроти хотирмон ва ба бозингарон имконияти нишон додани маҳорату истеъдод ва ноилшавӣ ба пирӯзиҳои нав ҳадя мекунад”, – қайд кард директори генералии ширкат Анатолий Изюмников.

“Футзал дар кишвари мо сол то сол шуҳрат пайдо карда истодааст. Дастгирии чунин як шарики қавӣ ба мисли “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки Ҷоми мазкурро ба сатҳи нав бардорем. Умедворем, ки мусобиқа барои варзишгарон ва мухлисон ба як ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфта, дар рушди футзали Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад”, – иброз дошт директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов.

Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал рӯйдоди ҷолибу рангини варзишӣ хоҳад гашт, ки варзишгарон, мухлисон ва тамоми дӯстдорони футболро муттаҳид месозад.