Муаррифии муовинони нави Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 ноябри соли 2025 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони нави Сардори Хадамоти алоқа муаррифӣ гардиданд.
Бар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвиз Исматулло Нориён ба вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа, инчунин Шоҳназар Холназарзода ва Толиб Маҳмадраҳим Холзода ба вазифаҳои муовинони Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Дар ҷараёни муаррифӣ Усмоналӣ Усмонзода ба муовинони тозатаъин орзуи муваффақият намуда, ба онҳо барои иҷрои самараноки вазифаҳо, таҳкими низоми рақамисозӣ ва рушди инфрасохтори алоқа дар кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.