Мулоқоти роҳбарияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Мулоқоти роҳбарияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинӣ

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинии Thoughland International мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муросилот ва хизматрасониҳои почтавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи хуберо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши почта ва логистика, фароҳам овардааст.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ муҳокимаи имкониятҳои муштарак барои беҳтар намудани хизматрасонии интиқоли бор ва ирсоли мактубу посилкаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа буд.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки дар оянда робитаҳои судманд миёни “Почтаи Тоҷикистон” ва шарикони чинӣ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт ва ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.