Бо даъвати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСО «МЕГАФОН»-и Федератсияи Россия Хачатур Помбухчан бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло мулоқот анҷом дод.

Мулоқот бо мақсади баррасии фаъолияти ширкати «МЕГАФОН» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи кунунии ҳамкориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳа, бо ибтикори Хадамоти алоқа баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамоти алоқа таваҷҷуҳи Хачатур Помбухчанро ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, таъмини фаъолияти устувору бефосилаи шабакаҳо, суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, густариши фарогирии шабакаҳои алоқа, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои ширкат ҷалб намуд.

Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ фаъолияти ҳамаи операторони соҳаи алоқаро пайваста мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода, барои таъмини рақобати солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарндагон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва рушди устувори инфрасохтори рақамии кишвар, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар рафти мулоқот аз роҳбарияти ширкати «МЕГАФОН» даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои ширкат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва омодасозии кадрҳои баландихтисос иштироки фаъолона дошта бошад.

Дар навбати худ директори генералии ҶСО «МЕГАФОН»-и Федератсияи Россия Хачатур Помбухчан нақшаи дурнамои ширкатро барои иҷрои уҳдадориҳои мавҷуда, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои нав дар соҳаи телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муррифӣ намуда, барои даъват ва баргузории мулоқоти судманд ба роҳбарияти Хадамоти алоқа изҳори сипос кард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои созанда, татбиқи қарорҳои қабулшуда ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ба мувофиқа расиданд.