Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ

Зеҳни сунъӣ (ЗС) имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузургест барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд ва 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ  якдилона пазируфта шуд.

Таъмини бехатарӣ ва устувории зеҳни сунъӣ яке аз масъалаҳои муҳими дар корбурд ва баҳрабардорӣ аз он мебошад. Бехатарӣ маънои ҳифзи маълумот ва пешгирии истифодаи нодурусти технологияи ЗС-ро дорад, ки бояд бо меъёрҳои қавии амниятӣ таъмин гардад. Устуворӣ бошад, қобилияти мутобиқ шудан ва рушди системаҳои ЗС-ро дар муҳитҳои тағйирёбанда ифода мекунад. Ҳамчунин, татбиқи меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқии истифодаи ЗС дар минтақа маънои эътимод ва посухгӯи талаботи ҷорӣ ва ояндаи ҷомеаро дорад. Бо назардошти таҳдидҳои киберӣ ва хатарҳои нав, таъмини бехатарӣ ва устувории системаи ЗС дар Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Ба ҳамин хотир, дар қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шудааст,  ба бехатарӣ ва устовурии зеҳни сунъӣ таъкид мешавад.

Ташкили Маркази зеҳни сунъӣ дар Душанбе яке аз қадамҳои муҳимест барои муттаҳидсозии кӯшишҳо ва таҳкими иқтидори зеҳни сунъӣ дар минтақа. Ин марказ ҳамчун пойгоҳи асосӣ барои таҳқиқот, таҳияи технологияҳои нави зеҳни сунъӣ ва таҳкими базаи кадрҳои муттахассис хизмат хоҳад кард. Мутахассисон дар марказ барои таҳияи алгоритмҳо, системҳои автоматикунонидашуда кор мекунанд ва ҳамзамон кадрҳоро дар соҳаи зеҳни сунъӣ омӯзиш медиҳанд. Марказ барои ҳамкории минтақавӣ ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои беҳтар дар минтақа нақши муҳиме мебозад ва дастрасӣ ба технологияҳои муосирро осон мекунад.

Хадамоти алоқа бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои алоқа ва истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷумла ЗС, нақши муассир дорад. Онҳо бо ҷорӣ намудани системаҳои автоматикӣ ва идоракунии рақамӣ хизматрасониҳоро бо сифати беҳтар ва дастрасӣ васеътари интернет таъмин мекунанд. Операторҳои алоқаи барқӣ дар бахши  низ бо таъсис додани лоиҳаҳои омӯзишӣ, маърифати рақамӣ ва дигар ташаббусҳо дар рушди зеҳни сунъӣ дар ҷомеа саҳм мегузоранд. Ҳамкории байни Хадамоти алоқа ва операторҳои алоқаи барқӣ барои беҳтар гардидани меъёрҳои техникӣ ва густариши истифодаи зеҳни сунъӣ хеле муҳим аст.

Зеҳни сунъӣ дар таҳлили маълумоти бузург, пешгӯии раванди рушд ва пешниҳоди қарорҳои муассир нақши калидӣ мебозад. Дар иқтисод, он равандҳои таҳлилиро беҳтар карда, идоракунии захираҳоро осон мекунад. Дар саноат, автоматизатсия ва оптимизатсияи истеҳсолот бо истифодаи ЗС бештар мешавад. Дар маориф, системаҳои ЗС барномаҳои таълимиро инфиродӣ карда, сифати таълимро баланд мебардоранд. Дар тандурустӣ, ташхис ва табобати зудтару дақиқтарин имконпазир мешаванд, ки ҳаёти одамонро беҳтар мекунад.

Ба ҳамин тартиб корбурди ҳадафманд аз имконоти зеҳни сунъӣ ба рушди устувори тамоми соҳаҳо муассир бошад.

Хадамоти алоқа дар Тоҷикистон бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои алоқа ва дастрасии васеъ ба интернет корҳои муҳим мекунад. Онҳо бо истифодаи технологияҳои нави ЗС равандҳои техникӣ ва идоракунии шабакаҳоро автоматӣ мекунанд, камбудиҳоро зуд ошкор ва ислоҳ менамоянд. Ҳамчунин бо ҳамкории ташкилотҳои ғайридавлатӣ маърифати рақамӣ дар ҷомеа боло рафта, истифодаи хизматрасониҳои нави алоқа тавсеа меёбад. Ин чораҳо ба устувории инфрасохторҳои алоқа ва рушди умумии кишвар таъсири мусбат мерасонанд.

Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ як воситаи муҳими рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ буда, бо мусоидати қатъномаҳои мушаххас ва талошҳои коршиносон ва сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ метавонад сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоиро ба куллӣ беҳтар намояд.

Фирдавси Низом