Намояндагони ВАО аз хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд

Навид

Намояндагони ВАО аз хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии МегаФон Тоҷикистон, Tcell, Вавилон-М ва ZET-MOBILE ба чанд минтақаи вилояти Суғд сафари сайёҳиву эҷодӣ барои намояндагони ВАО ташкил мекунад.  Ин сафари сайёҳиву эҷодӣ аз 26 то 28-уми июн идома ёфта, ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида мешавад.

Намояндагони ВАО дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон аз маконҳои сайёҳиву фароғатӣ дидан намуда, ҳамзамон аз фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, вазъи хидматрасонӣ дар марказҳои хизматрасонӣ, марказҳои  минтақавии ширкатҳои мобилӣ ва дигар фаъолиятҳои марбут ба соҳаи алоқа шинос мегарданд.

Мақсади асосии сафари сайёҳиву эҷодии мазкур бозгӯ намудани нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи алоқа мебошад.