Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа доир гардид
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 “Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма”, имрӯз дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишаст Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, корхонаҳои зертобеи Хадамот, раҳбарони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ ва беш аз 50 нафар намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорону журналистон ва таҳлилгарон иштирок карданд.
Нишастро Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар оғоз ба рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар маълумот дод.
Дар идома аз ҷониби намояндагони ВАО ба масъулини соҳаи саволу пешниҳодҳо ироа гардид. Рӯзномагирон ба пурсишу пешниҳодҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.