Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ), махсусан таҷҳизоти ғайристандартӣ ва нодуруст танзимшуда, метавонад ба фаъолияти муътадили шабакаҳои алоқаи мобилӣ халали ҷиддӣ расонад.

Репитери нодуруст насбшуда метавонад дар басомадҳои истифодашавандаи операторони мобилӣ интерференсия ба вуҷуд оварда, боиси паст гардидани сифати зангҳои телефонӣ, сустшавии суръати интернет, қатъшавии пайвастшавӣ ва бад гардидани хизматрасонӣ барои дигар муштариёни минтақа гардад.

Натиҷаи санҷишҳо нишон медиҳад, ки дар моҳҳои ахир истифода нодуруст ва ғайриқонунии ин дастгоҳ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти алоқа дар 123 адад истгоҳи базавии сайтҳо радиохалалҳо бартараф шуданд.

Боиси зикр аст, ки истифодаи таҷҳизоти ғайристандартӣ метавонад ба фаъолияти истгоҳҳои базавии операторони мобилӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи халалҳои радиоиро баланд намояд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин халалҳо метавонанд ба фаъолияти дигар воситаҳо ва системаҳои радиоэлектронӣ низ таъсир расонанд.

Бояд қайд намуд, ки истифодаи спектри радиобасомад тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ба танзим дароварда мешавад. Аз ин рӯ, насб ва истифодаи таҷҳизоти радиоэлектронӣ бояд бо риояи талаботи муқарраргардидаи техникӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.

Дар ҳолати ба вуҷуд омадани халалҳои радиоӣ, мутахассисони соҳаи радиомониторинг маҷбур мешаванд барои муайян намудани манбаи халал ченкуниҳои махсус гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани он чораҳои зарурӣ андешанд.

Бинобар ин, Хадамоти алоқа аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои номаълум, ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати паст будани сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ё интернет тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон пеш аз ҳама ба оператори мобилии хизматрасон муроҷиат намуда, масъалаи мазкурро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ҳал намоянд.

Истифодаи репитер танҳо дар ҳолате бояд анҷом дода шавад, ки таҷҳизот ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ буда, насб ва танзими он тибқи тартиби муқарраргардида ва бо ҷалби мутахассисони соҳибихтисос амалӣ карда шавад.

Ҳамзамон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки фурӯш, насб ва истифодаи репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ), ки ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ ҷавобгӯ набуда, бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ё боиси ба вуҷуд омадани халалҳои радиоӣ мегарданд, метавонад боиси татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ гардад.

Дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои фурӯш ё насби чунин таҷҳизот, нисбат ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фурӯш, насб ё истифодаи ғайриқонунии репитерҳо роҳ додаанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдори маъмурӣ меандешад.