Омилҳои таъсиррасон ба рушди интернет

Навид Хабарҳои Хадамот

Омилҳои таъсиррасон ба рушди интернет

Тоҷикистон дар солҳои охир дар соҳаи рушди интернет пешрафти назаррас ба даст овардааст. Шумораи истифодабарандагони интернет пайваста афзоиш ёфта, дастрасӣ ба шабакаҳои мобилӣ ва инфрасохтори рақамӣ беҳтар шуда истодааст. Бо вуҷуди ин, баъзан мушкилоте низ мавҷуд аст, ки баъди ислоҳоти соҳа, ки имрузҳо бо маром ҷараён дорад, роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард, аммо дар ин самт саводнокии рақамии аҳолӣ низ бояд баланд гардад, то истифодарандагон аз ҷузъиёти истифодаи интернет бохабар бошанд.

Якчанд омилҳо ба рушди интернет дар Тоҷикистон таъсир мерасонанд:

  • Инфрасохтор: Беҳтар шудани инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла густариши шабакаҳои 4G ва 5G, дастрасии интернетро афзоиш медиҳад.
  • Дастрасӣ: Бамаротиб паст шудани нархи интернет ва дастгоҳҳои электронӣ, ки аз тадбирҳои муҳими андешидаи Хадамоти алоқа мебошад, ба афзоиши шумораи истифодабарандагони интернет мусоидат мекунад.
  • Саводнокии рақамӣ: Баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва таълими компютерӣ ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки аз интернет самаранок истифода баранд.
  • Сиёсати давлатӣ: Дастгирии давлатӣ ва ташаббусҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ба густариши инфрасохтори соҳа замина гузоштааст.

Бо назардошти тамоюлҳои ҷорӣ ва таҳлили омилҳои таъсиррасон, шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ин афзоиш имкониятҳои навро барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам меорад.

Маъруф Назарзода, бахши котибот