«Оянда ҳоло оғоз меёбад»: МегаФон Тоҷикистон ва ЛФКНТ ситораҳои нави футболро дурахшон мекунанд

Навид

«Оянда ҳоло оғоз меёбад»: МегаФон Тоҷикистон ва ЛФКНТ ситораҳои нави футболро дурахшон мекунанд

Ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон  (ЛФКНТ)  мусобиқаи ҷумҳуриявии блитсро оид ба футбол миёни   наврасони 10 сола таҳти унвони “Оянда ҳоло оғоз меёбад” кушода эълон менамояд.      

Мусобиқаҳо дар ҳашт шаҳру ноҳияи кишвар – Душанбе, Хуҷанд,   Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ашт,  Ваҳдат ва  Шаҳринав  баргузор мегарданд. Зиёда аз 1500  нафар футболбозон  дар бозиҳои мунтахаби минтақавӣ  иштирок карда,  дастаҳои беҳтарин  дар даври ниҳоӣ, ки дар  шакли    чорабинии  бузурги   варзишӣ баргузор   мегардад, вориди майдон хоҳанд шуд.

Хусусияти муҳими мусобиқа  – шакли блитс мебошад. Он барои ба таври динамикӣ муайян кардани бозингарон ва  дастаҳои  беҳтарин имкон медиҳад.    Қабл аз ҳар як марҳила дар шаҳрҳо фестивалҳои кӯдакона бо бозиҳо, дарсҳои маҳорат ва минтақаҳои интерактивӣ ташкил карда мешаванд, то ки  иштирокчиёну  тамошобинон фазои фестивали воқеии варзиширо эҳсос намоянд.

Ҳадафи асосии лоиҳа – рушди варзиши кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон,  дастгирии истеъдодҳои ҷавон,  оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва  таҳкими арзишҳои  варзишӣ дар ҷомеа  ба ҳисоб меравад.

“Дастгирии варзишгарони ҷавон ва барои  онҳо фароҳам овардани  имкониятҳои нав  ба  мо як шарафи бузург аст. Варзиш хислати қавӣ, кори дастаҷамъонаро меомӯзонад ва барои пирӯзиҳои оянда замина мегузорад. Лоиҳаи “Оянда ҳоло  оғоз меёбад” – ин худ сармоягузорӣ на танҳо ба варзиш, балки ба ояндаи кишвар низ мебошад”, – гуфт директори генералии  ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

“Ин мусобиқаи блитс як қадами муҳим барои рушди футболи кӯдакон дар ҷумҳурии мост. Мо хурсандем, ки кӯдакони манотиқи мухталифро муттаҳид мекунем, то онҳо тавонанд истеъдоди худро нишон диҳанд, дӯстони нав пайдо кунанд ва фазои футболи бузургро эҳсос намоянд.    Дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба мо имкон медиҳад, ки ин ҷашнвораи варзиширо воқеан васеъмиқёс ва рангин  гардонем”, – иброз дошт  Абдулло Соқиев – директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон.