29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» иштирок намуданд.
«Бозиҳои оянда» рамзи давраи нав буда, фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамиро бо ҳам муттаҳид месозад. Ин формати инноватсионӣ рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои фазои киберӣ пайваст намуда, ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни мардум мусоидат мекунад.
Интизор меравад, ки мусобиқа барои рушди варзиши рақамӣ замина фароҳам оварда, меъёрҳои нави онро дар сатҳи байналмилалӣ муайян созад.





