Раим Саданшоев: “Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем”
Аввали моҳи октябр ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зодрӯзро ҷашн мегирад. Дар арафаи ин рӯйдод мо бо директори раёсати минтақавии ширкат дар ВМКБ Раим Саданшоев дар бораи алоқа, кӯҳҳо ва футбол суҳбат менамоем.
– Помир минтақаи дорои шароитҳои хосу мураккаб дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар баландкӯҳҳо бунёди шабака ва ба истифода супоридани он чӣ гуна аст?
– Ин, албатта, кори хеле душвор аст. Қарор доштан дар ин ҷо ҳатто барои одами ношинос душвор аст: баландӣ – чандин километр аз сатҳи баҳр, хунукии сахт ва дигар хусусиятҳои табиӣ. Кормандони алоқа бошанд, на танҳо бояд кори шабакаро назорат кунанд, балки зуд-зуд таҷҳизотро воқеан бо қувваи худ ба кӯҳҳо дастрас намоянд. Вале барои мо ин кори муқаррарист. Тӯли ин солҳо, аз лаҳзаи кушодашавии раёсати минтақавӣ, мо тавонистем корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Айни замон дар ВМКБ наздики 240 пойгоҳи базавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият доранд, ки аз ин шумор тақрибан чоряки онҳо стандарти “босуръат”-и 4G/LTE-ро таъмин мекунанд, ки барои корбарони интернет қулайтарин аст. Мо ҳам хати алоқаи нахӣ-нурӣ ва ҳам хати радиорелеӣ бунёд карда истодаем, ки ин кор ҳам дар шароити кӯҳсор осон нест, балки барои таҳвили боэътимоди трафик зарур аст. Нақшаҳои наздиктарин ба кор андохтани хати радиорелеӣ байни Хоруғ ва Ванҷро пешбинӣ менамоянд. Ин устувории алоқа ва сифати таҳвили маълумотро беҳтар мекунад, ки дар шароити иқлими ноустувор муҳим аст.
– Дар баъзе ноҳияҳои душворгузар – масалан, дар Мурғоб – чунин ба назар мерасад, ки то ҳол танҳо алоқаи ширкати шумо пешниҳод мегардад. Дар бораи фарогирӣ дар ВМКБ дар маҷмӯъ чӣ гуфтан мумкин аст?
– Бале, дар самти Мурғоб, мо аслан ягона ҳастем – дар онҷо шабакаи 4G/LTE дорем ва идораи мукаммали хизматрасонии муштариён фаъолият дорад (дар ВМКБ ҳамагӣ 9 адад мавҷуд аст). Барои мавзеъҳои дурдаст ин аҳамияти калон дорад. Одамон метавонанд аз алоқаи муосири мобилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ истифода баранд, ҳамаи масъалаҳои хизматрасониро бидуни сафар ба шаҳрҳои дигар дар маҳал ҳал намоянд. Умуман, 89%-и аҳолии вилоят ба шабакаи алоқаи мо дастрасӣ доранд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст — алалхусус бо назардошти он, ки бинобар шароити душвори маҳал баъзан барои ҳар як деҳаи ҳамсоя пойгоҳҳои алоҳидаи базавиро насб кардан лозим меояд; сигнал аз деҳаҳои ҳамсоя аз кӯҳҳо намегузарад. Бо вуҷуди ин, аксарияти сокинони ВМКБ аллакай ба алоқа ва интернети мобилӣ дастрасӣ доранд. Фарогирии сад фоиза дар нақша аст. Сухан дар бораи дастрасӣ ба ҳамаи хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои дар заминаи интернети босуръати мобилӣ фаъолияткунанда меравад. Ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарин муштариёни мо бояд имконият дошта бошанд, масалан, тавассути смартфони худ маблағҳояшонро идора кунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират намоянд ва видеоҳоро ба таври онлайн тамошо кунанд. Аз ин рӯ, мо дар тамоми гӯшаю канори ВМКБ сохтмон ва муосиргардонии шабакаро идома медиҳем.
– Оё МегаФон Тоҷикистон ташаббусҳои иҷтимоиро дар минтақа дастгирӣ менамояд?
– Албатта. Мо бар он назарем, ки саҳмгузорӣ дар рушди минтақа набояд танҳо бо алоқа, ҷанбаҳои техникӣ маҳдуд шавад. Дар доираи имконият мо хонаи кӯдакон, форумҳои касбӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзиширо дастгирӣ мекунем. Тобистони имсол бо Федератсияи волейболи ВМКБ шартнома оид ба шарикиро имзо намудем, ба варзишгарон ва дастаҳои беҳтарин кӯмак мерасонем. Ногуфта намонад, ки бозиҳои даври ниҳоии мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life дар сабки футбол”, ки аз ҷониби ширкати мо дар шарикӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда шуданд, дар Хоруғ баргузор гардиданд. Ин лоиҳа тамоми кишварро фаро гирифта, танҳо дар ВМКБ наздики 340 писарбача тавонистанд фазои футболи бузургро эҳсос намоянд. Мо худамон дар ин ҷо, дар Помир зиндагӣ мекунем ва воқеан мехоҳем, ки ҳаёт дар ВМКБ рангинтару ҷолибтар ва фаъолтар бошад. Ҳамин тавр, МегаФон Тоҷикистон на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумост.