16 июни соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026–2030 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Муовини сардори Хадамоти алоқа Холназарзода Шоҳназар, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Наҷмуддинзода Бахтовар, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ва Ғаюрзода Меҳрубон Шукрулло, прокурори Маркази мазкур, инчунин кормандони воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа дар мавриди таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва таъмини иҷрои босамари санадҳои стратегии давлатӣ, инчунин тақвияти мониторинги фазои иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандони масъул, густариши ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии аҳолии мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда дар Стратегия, нақшаи чорабиниҳои дохилидоравии худро барои солҳои 2026–2030 тасдиқ намуда, татбиқи онро дар самтҳои амнияти иттилоотӣ, пешгирии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои ҳадафҳои экстремистӣ ва террористӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондааст.