Шиносоии Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Навид Хабарҳои Хадамот

Шиносоии Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идораи марказии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” боздид намуда, бо роҳбарон ва кормандони ин ширкат мулоқот анҷом дод.

Зимни боздиди худ Сардори Хадамоти алоқа бо коллективи ширкат шинос шуда, тарзу усулҳоеро, ки ба воситаи онҳо хадамоти мизоҷон ба оператор имкон медиҳад, ки давоми шабонарӯзӣ дар тамос бо муштариён бошад, мавриди омӯзиш қарор дод ва инчунин таҷҳизоти шуъбаи идоракунии фаврӣ-техникиро, ки барои фаъолияти шабака ҷавобгар буда, онро назорат мекунад, аз назар гузаронид.

Ҳамзамон Сардори Хадамоти алоқа нақшаҳои минбаъдаи рушдро бо роҳбарони ширкат мавриди муҳокима қарор дода, аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои наҷибонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи самарабахши технологияи муосири инноватсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва таъмини аҳолӣ бо алоқаи барқии баландсифат ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки фаъолияти минбаъдаи муштарак дар самти ноилшавӣ ба мақсадҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шавад.

Зимни боздиду мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба  беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан сифату суръати интернет, ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот дар доираи муроҷиати шаҳрвандон равона карда шуда, ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигари марбута мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки вазифаи умумӣ – баландбардории сатҳи дастрасии хизматгузориҳои муосири рақамӣ барои ҳамаи сокинони кишвар ба ҳисоб рафта,  дар ин раванд саривақт бартараф намудани мушкилиҳое, ки дар минтақаҳо ба амал меоянд, ва баррасии шикоятҳои муштариён шартҳои муҳимтарин маҳсуб меёбанд. Масъулияти баланди ширкатҳои телекоммуникатсионӣ – калиди рушди иқтисодиёт, ҳамгироии иҷтимоии шаҳрвандони кишвар дар шароитҳои муосир мебошад.

“Ҳамоҳангсозии амалҳо барои ба даст овардани натиҷаҳое, ки саноати телекоммуникатсионии кишвар ҳадафи худ қарор додааст, хеле муҳим аст. Ҷиҳати махсусан илоҳомбахшанда он аст, ки Сардори Хадамоти алоқа шахсан бо кормандони ширкат шинос шуда, ба онҳо доир ба вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа маълумот медиҳад. Мутмаинам, ки ин вохӯрӣ барои ноилшавӣ ба дастовардҳои нав дар самти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон асоси мустаҳкам хоҳад шуд.

Дар навбати худ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” низ талош мекунад, ки мушкилоти баёншуда аз тарафи Хадамоти алоқаро бо масъулияти баланд ва дар муддати кӯтоҳ бартараф намуда, сатҳу сифати хизматрасонҳои алоқаи барқиро баланд мебардорад ”, – изҳор дошт Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.