Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии телекоммуникатсионӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии телекоммуникатсионӣ (iWTC) 2025, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ ҷониби Тоҷикистонро Бахтовар Абдусатторов, муовини директори генералии ҶСК “Тоҷиктелеком” ва Ислом Саидов, сармуҳандиси филиали ШҶТМ ҶСК “Тоҷиктелеком” намояндагӣ карданд.
Ин чорабинӣ масъулини зиёда аз 350 ниҳоди соҳаи алоқаро гирди ҳам овард, ки дар чандин чорабинии канорӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла дар Саммити Клуби CCL имкониятҳои беназири брендинг ва шабакавӣ, ҳамлаи мағзӣ, таҳлили додаҳо ва мубоҳисаҳо оид ба мавзӯъҳои асосии телекоммуникатсионӣ бо таваҷҷӯҳ ба пешрафтҳо дар технологияҳои рақамӣ ва тамоюлҳои роҳбарӣ дар минтақаи ИДМ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Чорабинии мазкур аз ҷониби “Узтелеком” дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди минтақавӣ оид ба алоқа баргузор шуд.