Ширкати «Вавилон-Мобайл» сарпарасти ҷашнвораи ҳунарии «Дунёи меҳр» шуд
3-юми декабр, дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе, фестивали ҳунарии “Дунёи меҳр” бахшида ба Рӯзи байналмилалии нобиноён баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо ибтикори Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ва сарпарастии ширкати «Вавилон-Мобайл» ва кохи «Суруш» ташкил шуд. Дар фестивали мазкур, ки дар сатҳи баланд баргузор гардид, ҳунармандони нобино аз тамоми гӯшаҳои кишвар ҳунарнамоӣ карданд.
Ширкати “Вавилон-Мобайл” аз оғози фаъолияти худ ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамеша дастгирии маъюбонро дар маркази сиёсати иҷтимоии худ қарор медиҳад.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” ва “Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе” аз намунаҳои равшани ин сиёсати иҷтимоӣ мебошанд. Сарпарастии фестивали “Дунёи меҳр” низ ҷузъи ташаббусҳои ширкати «Вавилон-Мобайл» дар самти дастгирии иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ба шумор меравад.
