СИПОСНОМАИ “Вавилон-Т” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”
28 апрел дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” бо иштироки ширкатҳои бузургу миёнаи саноатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Масъалаи ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи кормандонро Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи меҳнат” ба тартиб дароварда шуда, мақсад аз гузаронидани чунин як ҷаласаи сатҳи баланд ҷоннок намудани масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон дар корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту идораҳо унвон мешавад.
Дар ҷаласаи мазкур, ки дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар ҳолати тантанавӣ ҶДММ “Вавилон-Т”-ро бо СИПОСНОМА – “Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таъсиси Хадамоти ҳифзи меҳнат, таъмин намудани ҳифзи меҳнат, шароити бехатари меҳнат, ҷорӣ намудани низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон дар раванди меҳнат бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” қадрдонӣ намуд.
Бояд гуфт, ки ширкати “Вавилон-Т” миёни Интернет-провайдерҳо ягона ширкатест, ки дар “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” бо чунин Сипоснома қадрдонӣ карда шуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “Вавилон-Т” аз боэътимодтарин ширкатҳои кишвар дар бозори хадамоти ҳифзи меҳнат ба шумор рафта, дар он тамоми равандҳои муҳофизати меҳнат бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Беҳуда шиори ширкат “Сифатро интихоб кунед” ном нагирифтааст. Ин, ҳам аз сифати баланди хизматрасониҳо ва ҳам аз сифати баланди ҳифзи меҳнат гувоҳӣ медиҳад.
Ширкатро барои чуниндастоварди бузург табрик гуфта, ба роҳбарият ва тамоми кормандони он фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно дорем.